Дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар робита ба қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҷамъомад баргузор шуд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Фирдавс Комилов перомуни қонуни мазкур ибрози назар намуда, зикр кард, ки дар ҳақиқат, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буда, кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард.
Маҳз хизматҳои шоёни ин фарзанди барӯманди миллат буд, ки дар кишварамон сулҳу субот, оромӣ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд. Ӯ ҳамчун Пешво тавонист Ваҳдати миллатро ба даст оварад. Агар ба таърих ва ҳаводиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бингарем, ин худ як дарси ибрат барои мо мебошад.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари ҷаҳон ҳамчун намуна омӯхта мешавад, ки он дар натиҷаи талошҳо ва ҷоннисориҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, мардуми тоҷикро ҳамчун миллати сулҳдӯсту тамаддунофар муаррифӣ намудааст.
- Фазои озоди сиёсӣ, мардумсолорӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ, рушду нумӯи саноат дар кишвар ва дигар беҳбудиҳои сиёсиву иқтисодӣ метавонад Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмонро пурра тасдиқ намояд, — иброз намуд Фирдавс Комилов.
Дар интиҳои чорабинӣ кулли кормандони Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ҷонибдории худро аз қабули қонуни мазкур баён доштанд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»