Сеюми январи соли 2016 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳд, муовини якуми Раиси Шӯрои Вазирон, вазири корҳои дохилии Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз оли Сауд ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Бо баёни қаноатмандӣ аз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, ки зимни ин сафар бо як зумра санадҳои нав тақвият ёфт, изҳори умед карда шуд, ки арсаҳои ҳамкорӣ густариш хоҳанд ёфт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории босамар дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгаройӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг сурат гирифт.
www.president.tj