Сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

№2 (3482) 04.01.2016

Дуюми январи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Ганҷалзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аҳтам Абдуллозода, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода, раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

www.president.tj