Панҷуми январи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ ба шаҳри Маккаи мукаррама ташриф оварда, бо ҳамсар ва чанде аз фарзандону пайвандони худ қиблаи муъминон — Каъбаро зиёрат кард.
Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ либоси хоси маросими ҳаҷ — эҳромро ба бар карда, бо ҳафт маротиба давр задан дар гирди Хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусалмонон дар рӯи замин, маросими умра ё худ зиёрати Хонаи рамзии Худоро ба ҷо оварданд.
Пас аз тавофи Хонаи Каъба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлуи Каъбатуллоҳ аст, ду ракъат намози нафл хонданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон — хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд.
Сипас, дар назди чоҳи «Замзам» бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, онҳо ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва ҳафт маротиба рафтуо кунанд. Чор бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.
Дар миёни ду кӯҳ масофае чанд бо ранги сабз аз ду тараф нишона шудааст, ки аз он ҷо бояд давида ва ё босуръат гузашт.
Аз рӯи ривоят дар ҳамин мавзеъ бибӣ-Ҳоҷар – ҳамсари пайғамбар Иброҳим барои шикастани ташнагии писараш ҳазрати Исмоил ҳафт маротиба ду тараф давида, об ҷустааст, дар ҷое, ки ҳеҷ нишона аз об набуд. Баъди саъйи зиёди бенатиҷа ба назди кӯдак бармегардад ва мебинад, ки он ҷо аз пояшро бисёр ба хок кӯфтани кӯдак бо амри Офаридгори олам об баромадааст. Ба чашма «Замзам» ном мемонанд ва то имрӯз кулли мусалмонони олам аз оби он нӯши ҷон карда, аз Худованд имони комил, файзу баракат ва нусрату некбахтӣ металабанд.
Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки зимни ин зиёрат ҳам, ки дафъаи чорум ҷараён мегирад, бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн — Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ба дохили Хонаи рамзии Худо — Каъбатуллоҳ бори дувум ворид шавад ва ду ракъат намоз гузошта, барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи нек кунад.
Ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Пешвои миллат, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки ду дафъа ӯ ба феҳристи 500 мусалмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.
Ҷонибдории пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум кардани Қуръони Карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310 — солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷик дар ҷаҳони исломанд, ки ӯро ба чунин шаъну эътибори баланд расондаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба — солҳои 1997 ва 2001 ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом дода, моҳи декабри соли 2005 барои иштирок дар мулоқоти фавқулодаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ (ҳоло Созмони Ҳамкории Исломӣ) ба шаҳри Макка рафта буданд.
Зимни ин се сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими умра ё худ зиёрати Каъбаро ба ҷо оварда, моҳи декабри соли 2005 бори нахуст ба ворид шудан ба даруни Хонаи Каъба мушарраф гардида буданд.
Боиси хушнудию шукргузорӣ аст, ки Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандон, зоироне, ки мақсади тавофи Хонаи Каъбаву зиёрати равзаи Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) — ро доранд, сол то сол тадбирҳои хайрро амалӣ менамоянд. Шароити сафар ва будубоши ҳоҷиён аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мамлакати Арабистони Саудӣ беҳтар мегардад. Қаблан аз Тоҷикистон танҳо панҷ ҳазор нафар барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Маккаю Мадина сафар мекарданд. Ҳоло бошад, бо ташаббуси роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар теъдоди танҳо адокунандагони ҳаҷи фарзӣ ба беш аз шаш ҳазор нафар расидааст.
www.president.tj