ДАРВОЗ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар хоҷагиҳои ноҳияи Дарвоз киштукори баҳорӣ бомаром идома дорад. Аз ҷониби мутахассисон назорат нисбати истифодаи пурсамари замин, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, риоя намудани киштгардони замин ва қоидаҳои агротехникии кишти зироатҳо пурзӯр гардидааст. Аз оғози мавсими кишти баҳорӣ дар майдони 245 гектар ғалладона, 11 гектар картошка ва сабзавоти барвақтӣ кишт шудааст. Суръати кишт дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Роғак», «Нулванд», «Наврӯз» баланд мебошад.
- Сабзавоткорон мақсад доранд, ки барои таъмини бозорҳои вилоят дар масоҳати 12000 метри мураббаъ кишти барвақтии зери плёнка гузаронанд, — гуфт муовини аввали раиси ноҳия С. Сайфуллоев.