Комёбии ҷавонпаҳлавони тоҷик
Варзишгари тоҷик Суруш Каримов дар мусобиқоти Осиё оид ба самбо, ки охири моҳи декабри соли 2015 дар шаҳри Атирауи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, ширкат варзида, дар вазни 82 килограмм соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид.
Дар мусобиқа 300 варзишгар аз 17 кишвари қора, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон ва ғайра ширкат доштанд. Тавре Суруш Каримов мегўяд, падидаи фараҳбахши ин мусобиқа он буд, ки дар он 20 нафар варзишгарони Тоҷикистон маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби мақомҳои аввал ва медалҳо гардиданд. Талоши худи Суруш бар он буд, ки дар ин сабқат пирўзӣ ба даст оварда, ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирад. Худи ҳамон рўз ба ифтихори пирўзиаш Суруди миллии кишвар садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистони азиз парафшон гардид.
Суруш Каримов зодаи деҳаи зебоманзари Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, гўштигириро аз устодони бомаҳораташ- устодони дараҷаи байналмилалӣ Абдуқаҳҳор Қодиров, Ҳусайн Зокиров ва Меҳроб Одинаев омўхтааст.
Ин ҷавонпаҳлавони умедбахш дар радифи тамрину машқҳои варзишӣ, ҳамчунин ба хондани китоб ва омўзиши илм низ машғул мебошад. Алҳол Суруш донишҷўи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буда, аз устодони сахтгиру меҳрубонаш илм ва дарси одобу ахлоқ меомўзад.
Волидайни Суруш шукргузор аз онанд, ки фарзандашон оқилу баркамол ба воя расида, ҳамчун варзишгари муваффақ имрўзҳо дар сабқатҳои байналмилалӣ парчамбардори кишвар гардидааст.
- Ман дастовардҳои варзишии фарзандамон Сурушро қабл аз ҳама самараи таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон меҳисобам, зеро чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистони азизи мо барои тарбияи насли солими ҷомеа варзишгоҳҳои азим ва толорҳои варзишии зиёд бунёд гардиданд, ки дар онҳо қаҳрамонҳои ояндаи миллат дар самти варзиш ба камол расиданд, — мегўяд падари ин ҷавонпаҳлавон Карим Каримов.
Алҳол Суруш Каримов ба сабқати навбатии ҷаҳонӣ, ки моҳи майи соли 2016 дар Руминия баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»
Ғолибияти қобили таваҷҷуҳи варзишгарон
Моҳи декабри соли 2015 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гўштии намуди «Дзю-до» барои дарёфти ҷоизаи «Хан Манас» баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур, ки ба гиромидошти хотираи қаҳрамони халқи қирғиз Манас созмон ёфтааст, шаш сол боз доир мешавад. Дар мусобиқаи навбатӣ варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз сӣ нафар дзю-дочиёни ҷавон таҳти сарварии мураббиёни шоистаи Тоҷикистон Рисқиддин Раҷабов ва Холмаҳмад Толибов намояндагӣ карданд. Хушбахтона, мусобиқаи мазкур барои паҳлавонони тоҷик ин дафъа низ бобарор анҷом ёфт. Ҳоҷимурод Раҳмонов аз шаҳри Душанбе дар вазни 90 килограмм ҳамаи рақибонашро мағлуб намуда, сазовори ҷойи аввал ва соҳиби медали тиллои мусобиқот гардид. Паҳлавони ҷавону умедбахш Адҳам Мисоқов низ хуб қувваозмоӣ карда, соҳиби медали нуқра гардид. Идибек Тоиров дар вазни 73 килограмм ва Назармаҳмад Назаров дар вазни 100 килограмм медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»