Ҳаракатҳои динӣ ва воқеияти ҷаҳони муосир

№4 (3484) 09.01.2016

Яке аз ҳодисаҳои нодири сиёсӣ ва иҷтимоӣ ин пайдо шудани ҳизбҳо ва ҳаракатҳои динӣ ва ё дақиқтараш исломӣ дар ҷомеаҳои шарқӣ мебошад. Оё ин ҳизбҳо моҳиятан аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳме гузошта метавонанд?

Агар раванди бавуҷудоии ҳизбҳои ғайридиниро мушоҳида намоем, онҳо дар асоси омилҳои воқеӣ ва заминӣ ба вуҷуд омадаанд ва ифодаи фарҳанги баланди сиёсию иҷтимоии мардум мебошанд, ки мехоҳанд ҷомеаҳо ва умуман инсонҳои ҷомеаро ба саодат бирасонанд. Аммо ҳизбҳои динӣ вобаста ба сарчашмаи худ бартарияти асосиро на ба воқеиятҳои заминӣ ва иҷтимоӣ, балки ба воқеиятҳои фаротабӣ медиҳанд ва саодати онҷаҳониро нисбати саодати заминӣ, воқеӣ ва инҷаҳонӣ афзал мешуморанд. Ҳадафи ҳамаи ҳизбҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва ба хости худ созмон додани ҷомеаҳо мебошад. Шинохтатарини ин гуна ҳизбҳо ҳизбҳои демократӣ ва коммунистӣ мебошанд, ки ҳадафи яке демократикунонии ҷомеа ва дигаре амалисозии арзишҳои коммунистӣ мебошад. Бар хилофи онҳо ҳизбҳои исломӣ ҳеҷ гуна ҳадаф надоранд, онҳо дар бораи саодати иҷтимоӣ сухан мегўянд, аммо моҳиятан механизми онро надоранд ва чунин механизмро сохта ҳам наметавонанд, зеро дар сарчашмаи онҳо саодати иҷтимоӣ дар ин ҷаҳон асоснок гардонида нашудааст. Сарфи назар аз он ки ҳадафҳои ҳизбҳои динӣ аз воқеият дур ҳаст, аммо ғайричашмдошт онҳо метавонанд муваффақ гарданд ва дар байни мардум тавсеа ёбанд. Дар ин ҷо як қатор омилҳо ва баҳамоии ин омилҳо, ки моҳияти наверо ба вуҷуд меоваранд, сабаби инкишофи онҳо мегарданд.

Пеш аз ҳама, ҳизбҳои динӣ дар ҷомеаҳои пешрафта, ки мардумаш аз фарҳанги баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ бархўрдор аст, ба вуҷуд намеоянд, зеро дар ҳадди ниҳоӣ ормонҳои ҳизбҳои динӣ аз воқеиятҳои иҷтимоӣ дур боқӣ мемонанд ва инсонҳои огоҳ аз фиреби назар ба хубӣ огоҳ мегарданд ва дар ин гуна ҳизбҳо кафолати наҷотро намебинанд. Аммо дар ҷомеаҳое, ки нисбатан ақибмонда ҳастанд ва давлат дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аҳолиро қонеъ гардонида наметавонад, эҳтимоли тавсеаи ҳизбҳои динӣ зиёд мебошад. Аммо сифатан муқоисаи як ҳизби дунявӣ бо як ҳизби динӣ ғайриимкон аст, зеро ҳизби динӣ хусусияти догматикӣ дорад ва он дорои хусусияти тавсеаёбӣ нест. Масалан, шояд аз ҳама бисёр дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳизби динӣ вуҷуд дошта бошад. Мегўянд, ки сардорони авлод ва қабилаҳо дар асоси авлод ва қабилаи худ ҳизби исломии худро ташкил кардаанд. Агар сабаби чунин падидаро омўхтан хоҳем, ба хубӣ сабаби онро дар нооромие, ки дар ҷомеаи Афғонистон ҳукмрон аст, мебинем. Зеро айнан чунин вазъият бо андаке фарқият дар Сурия ҳукмрон аст. Нооромӣ боиси ба вуҷуд омадани гурўҳҳои зиёде гардидааст, ки ҳамаи онҳо дар худ унвони дин ва ё исломро касб кардаанд. Омили дигари бо ҳамин шароит алоқаманд ин танҳо дар ҳолати қарор доштан дар набард ба вуҷуд омадани ҳизбҳои исломӣ мебошад. Дар ҳолати ҷанг танҳо рўҳияи мубориза тақвият меёбад ва дар ин шароит ҳеҷ як дурнамои иҷтимоӣ пеши назар оварда намешавад. Он ҳизбҳое, ки дар замони ҷанг аз методҳои ҷанг ва хунрезӣ истифода мебаранд, дар ҳолатҳои осоишта мекўшанд, ки ниҳоят зиракона ба худ чеҳраи муътадил, хайрхоҳ ва иҷтимоӣ гиранд ва мо метавонем инро дар фаъолияти ҲНИТ мушоҳида намоем. Ҳизби мазкур боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва чандин сол ба хотири ба даст овардани курсиҳо муборизаи мусаллаҳона бурд ва пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳирона зеҳнияти мардумро дар мавриди гунаҳгор будани худ тоза намуд ва худро ҳамчун ҳизби созанда ҷилва дод.

Сабаби чунин дурўягӣ дар сарчашмаи идеявии ҳизбҳои исломӣ нуҳуфтааст. Дар Қуръон ҳам сураҳое вуҷуд доранд, ки ба қатлу ғорат ҳидоят менамоянд ва ҳам сураҳое, ки ба оромиш, сулҳ ва ҳамзистӣ бо дигарон. Вобаста ба мавқеи пайравон ҳар ду ҷониб низ худро донанда ва пайрави асили Қуръон меҳисобанд. Сарфи назар аз он ки сарчашмаи маънавии ҳам равандҳои радикал ва ҳам муътадил як аст, онҳо ҳеҷ вақт бо ҳам созиш намекунанд ва то ҳастанд, дар ҳоли зиддият боқӣ мемонанд. Ҳизбҳои динӣ ба ҷуз аз тариқи абстрактӣ аз ҳақиқат ва адолат сухан кардан имкони дар воқеият ва ҷомеа пиёда намудани ормонҳои худро надоранд, ки намунаи онро мо дар ҳизби пуртаҷрибаи «Бародарони мусалмон» мушоҳида намудем. Бо вуҷуди он ки даҳсолаҳо тайёрӣ диданд, омодаи бадастгирии қудрат буданд, баъди ба даст гирифтани қудрат ва то он замон, ки бо он мутобиқ гарданд, аз  байн рафтанд. Сабаби асосӣ дар он аст, ки ҳизбҳои динӣ ормон ва ҳадафҳои воқеӣ надоранд, ҳадафҳои онҳо осмонӣ мебошад. Онҳо на рў ба оянда, балки рў ба гузашта доранд.

Масалан, таҳдиди ба қатл расонидани зебосанами Ироқ аз ҷониби Давлати Исломӣ ва ё духтареро ба хотири вориди варзишгоҳ гардидан ба қатл расонидан аз ҷониби як мулло дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалҳое мебошанд, ки инсон ваҳшониятҳои асримиёнагиро ба хотир меоварад. Кӣ кафолат дода метавонад, ки дар Тоҷикистон дар сурати пирўзии ҳаракатҳои бартарияти динидошта чунин ҳодисаҳо рух намедиҳанд?

Дар шароити имрўза дигар худ аз худ ба вуҷуд омадани ҳизби динӣ вуҷуд надорад. Ин гуна гурўҳҳо бо дасти қудратҳои беруна, чӣ абарқудратҳо ва чӣ қудратҳои минтақавӣ, сохта мешаванд. Дар ин маврид ҳадаф танҳо бесубот гардонидани давлатҳо ва минтақаҳо мебошад. Воқеият танҳо ба даст овардани маблағҳои ҳангуфт аст, дини ягона ва ё ислом танҳо фиреби назар мебошад. Имрўз дар Сурия ва Ироқ гурўҳҳои зиёди хурд байни худ мубориза мебаранд ва ҳамаашон аз номи ислом истифода мекунанд ва пуштибони молии онҳо боз давлатҳои исломӣ мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки на гурўҳҳои хурд ва на давлатҳои пуштибони онҳо ба дараҷаи худшиносие нарасидаанд, ки ба хотири ислом аз ваҳшонияти баамаломада ибрат бигиранд ва роҳи мусолиҳатомези ҳалли масъаларо ҷустуҷў намоянд. Агар иродаи қудратҳои минтақавӣ намебуд, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои  машҳури Ал-қоида, Толибон, ДИИШ, Ансоруллоҳ… дар муддати кўтоҳ аз байн мерафтанд. Ҳадафи ҳеҷ як аз ин ҳаракатҳо бо як давлат ва ё минтақаи хурд маҳдуд намешавад ва ҳадафи онҳо тамоми ҷаҳони ислом мебошад. Дар ин ҷо ду омил — фанатизм ва мутлақхоҳии исломӣ ва сиёсати хаоси идорашаванда, ки ба хаоси идоранашаванда табдил меёбад, бо ҳам гиреҳ хўрдаанд.

Агар бархўрди Федератсияи Россия бо ДИИШ дар Сурия сурат намегирифт, эҳтимол вазъияти Сурия ва Ироқ аллакай минтақаи моро низ фаро мегирифт.

 Нуриддин ШАҲОБИДИНОВ