Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки ҷавонону наврасон дар мавзўи «Варзишгарон — зидди терроризм» мулоқот доир гардид. Дар он муовини раиси шаҳр Хосият Фозилова, раиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи вилояти Суғд Илҳом Солиев, сархатиби масҷиди «Ихлос» — и вилояти Суғд Абдуҳамид Ғаниев, сархатиби масҷиди «Ҳазрати Шоҳ» Аъзамзода Ҳоҷӣ Зокирхон, муовини сардори ШВКД дар Истаравшан Далер Охунов, мудири зершуъбаи кор бо ноболиғону ҷавонони ШВКД дар шаҳри Истаравшан Элёр Боқиев ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Хосият Фозилова ифтитоҳ намуда, ҷавонону наврасонро бо вазъи ноороми ҷаҳони имрўза, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм ошно сохта, гумроҳ шудани як гурўҳ ҷавонони ноогоҳ ва шомил гаштани онҳоро ба ҳизбу ҳаракат ва гурўҳҳои ифротӣ маҳкум намуд.
Баъдан, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Парвиз Почокалонов, сархатиби масҷиди «Ихлос» Абдуҳамид Ғаниев, мудири зершуъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳр Элёр Боқиев, раиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи вилояти Суғд Илҳом Солиев, сархатиби масҷиди «Ҳазрати Шоҳ» Аъзамзода Ҳоҷӣ Зокирхон ва дигарон суханрони карда, роҷеъ ба таърихи пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мақсадҳои нопоки онҳо ва ғайра маълумот доданд, ҷавонону наврасонро даъват намуданд, ки зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Сипас, миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар фарҷом наврасону ҷавонон вобаста ба мавзўи мавриди назар филми мустанади «Масири гумроҳон»- ро тамошо карда, муроҷиатнома қабул карданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«- Мо, варзишгарони шаҳри Истаравшан, гаравидани баъзе ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ якдилона маҳкум менамоем. Истифодаи Ислом ба манфиати ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои иғвоангез ва ҷудоихоҳ аз рўи дину диёнат ва эътиқод мутлақо нодуруст мебошад.
Боварӣ дорем, ки ҳамаи мо, на фақат варзишгарони шаҳри Истаравшан, балки тамоми ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ, якҷо ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷумҳурии азизамон ҳамфикру муттаҳид шуда, кору пайкор менамоем, намегузорем, ки ба истиқлолият ва фазои ороми кишварамон касе халале ворид созад».
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»