Тафсир кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон

№7 (3487) 16.01.2016

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат ба алимент

1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кумак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.

2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кўдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян менамояд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 85 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар вазифадоранд, ки фарзанди болиғи ғайри қобили меҳнатро бо алимент таъмин намоянд, ба шарте ки ў ба кумак эҳтиёҷманд бошад. Дар мавриди ҷой доштани шарти номбурда байни алиментсупоранда (падару модар) ва алиментгиранда (фарзанди болиғи ғайри қобили меҳнат) созишнома дар бораи пардохти алимент баста шуданаш мумкин аст. Дар созишнома шарт, андоза ва тартиби алименти супоридашаванда муайян карда мешавад. Ҳангоми бастани чунин созишнома қоидаҳои пешниҳодшуда доир ба он риоя карда мешавад.

Дар мавриди ҷой надоштани созишномаи зикргардидаи пардохти алимент фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кумак эҳтиёҷманд ва дар мавриди ғайри қобили амал будан парасторони онҳо ҳуқуқи ба суд дар бораи рўёнидани алимент муроҷиат карданро доранд. Дар ин маврид аз ҷониби суд алимент бо маблағи (пули) устувор ситонида мешавад. Суд ҳамзамон ҳангоми муқаррар кардани андозаи маблағи устувори алимент бояд вазъи моддии оила ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи ҳам алиментсупоранда ва ҳам алиментгирандаро ба инобат гирад. Мафҳуми вазъи моддии оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо ба таври муфассал дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст.

Дар моддаи 85 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузор мафҳумҳои ғайри қобили меҳнат, ба кумак эҳтиёҷмандбударо муайян накардааст. Муайян кардани ҳолати ғайри қобили меҳнат будани шахс ба салоҳияти соҳаи дигари қонунгузорӣ дахл дорад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  (моддаҳои 21-22) маъюбӣ аз пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ вобаста аст. Гурўҳҳои маъюбӣ (I, II ва III) аз ҷониби комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатӣ (ВТЭК) муқаррар карда мешавад. Аниқ муайян аст, ки маҷрўҳони гурўҳи якум ё дуюм ғайри қобили меҳнат эътироф гаштаанд. Онҳо ҳангоми ба кумак эҳтиёҷманд будан ҳуқуқи аз падару модари худ гирифтани алиментро доранд.

Ба кумак эҳтиёҷманд будан он маъноро дорад, ки даромад, нафақапулӣ, кумакпулӣ ва дигар даромадҳои фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат рўзгузаронӣ ва табобати зарурии онҳоро таъмин карда наметавонад. Суд дар ҳар як маврид ба таври мушаххас ҳолатҳои ба эҳтиёҷмандии алиментгиранда вобастабударо муҳокима мекунад. Дар ин маврид тамоми даромад ва ҳолати маҷбурии эҳтиёҷманд (андозаи нафақаи маъюбӣ, ёрдампулӣ, хароҷоти зарурии табобатӣ ва ғайра) бо ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти дахлдор бояд тасдиқ гардад. Суд ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва далелҳои дар парванда ҷамъовардаро таҳлил намуда, ба он баҳо дода, ба кумак эҳтиёҷманд будан ё набудани фарзанди болиғи ғайри қобили меҳнатро муайян мекунад. Яъне, ба кумак эҳтиёҷманд будани шахси зикргардидаро танҳо суд дар ҳалномаи судӣ муқаррар мекунад, чунки бевосита ба салоҳияти он дахл дорад.

Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент

1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷўёни таҳсили рўзонаи муассисаҳои таҳсилоти давлатии маълумоти миёна ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад.

2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян карда мешавад.

Падару модар метавонанд бо хоҳиши худ ба фарзандони болиғи худ, ки қобили меҳнатанд ва дар муассисаҳои таҳсилоти давлатии маълумоти миёна ва олӣ таҳсил менамоянд, алимент супоранд. Дар акси ҳол, дар асоси аризаи даъво суд метавонад аз падару модар ба фоидаи фарзандони болиғи номбурда алимент ҳар моҳ рўёнад. Яъне, суд инчунин ҳуқуқи рад кардани чунин даъворо низ дорад.

Қонунгузор дар ҳалли масъалаи рўёнидани алимент шарт ва ҳудудҳои синнусолӣ гузоштааст. Шарт аз он иборат аст, ки фарзанди болиғ бояд танҳо донишҷўи таҳсили рў­зонаи муассисаҳои таҳсилоти давлатии миёна ва олӣ бошад. Яъне, таҳсили ғоибона ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ғайри­давлатӣ новобаста аз шакли рўзона таҳти амали қисми 1 моддаи 86 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор намегирад. Ҳудуди синну соли муқарраркарда барои маълумоти миёна – то ба синни 20-солагӣ, барои маълумоти олӣ – то ба 24-солагӣ расидан муайян шудааст. Пас аз гузаштан аз синну соли қонун муқарраркарда ба онҳо алимент ситонида намешавад. Ҳамин тавр, ҳангоми дар якҷоягии мавҷуд будани шартҳои зикргардида ва синну соли муқарраргардида аз ҷониби падару модар ба фоидаи фарзандони болиғ алимент рўёнида мешавад.

Дар мавриди номбурда алимент аз ҷониби суд ба маблағи (пули) устувор рўёнида мешавад. Ҳангоми рўёнидани алимент ва муқаррар кардани андозаи он суд вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳоро ба эътибор мегирад. Мафҳумҳои вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо ба таври муфассал дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсир дода шудааст.

Моддаи 87.  Иштироки падару модар дар хароҷоти иловагӣ барои фарзандон

1. Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маиб шудани кўдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра) ҳар яке аз падару модар аз ҷониби суд барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.

Тартиби иштироки ҳар кадоме аз падару модарро дар хароҷоти иловагӣ аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта мешавад, муайян мегардад.

2. Суд ҳуқуқ дорад падару модарро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад, вазифадор созад.

Падару модар уҳдадоранд, ки дар хароҷоти иловагии фарзандонашон иштирок намоянд. Ҷалб кардани падару модар барои иштирок дар хароҷоти иловагӣ барои фарзандон аз ҷониби суд дар ду маврид баррасӣ мегардад. Ҳолати якум аз он иборат аст, ки агар байни тарафҳо созишнома оид ба иштирок дар хароҷоти иловагӣ мавҷуд набошад. Мавриди дуюм аз ҳолатҳои истисноӣ иборат аст. Ба ҳолатҳои истисноӣ қонунгузор бемории вазнин ва ғайраро номбар кардааст. Яъне, номгўи ҳолатҳо маҳдуд набуда ба ихтиёри суд дода шудааст ва дар ҳар як ҳолати мушаххас онро суд муайян менамояд. Ҳамин тавр, ҳангоми мавҷуд будани ҳар ду ҳолатҳои зикргардида дар асоси аризаи даъвои шахси манфиатдор (фарзанди болиғи мўҳтоҷи таъминот, агар фарзанди болиғ ғайри қобили амал эътирофшуда бошад – яке аз падару модар ё васии онҳо оид ба аз падару модар (яке аз падару модар) рўёнидани хароҷоти иловагӣ ҳуқуқи ба суд даъво пешниҳод карданро дорад. Хароҷотҳои талаб кардашаванда бояд ҳақиқӣ ва асоснок бошанд. Аз ҳад зиёд талаб кардани хароҷот, ки асоси зарурӣ ва воқеӣ надорад, талабот дар қисми зиёдатӣ истисно карда мешавад.

Хароҷоти иловагӣ бо маблағи устувор ҳармоҳа муқаррар карда мешавад. Ҳангоми муқаррар кардани маблағи хароҷоти номбурда суд вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳоро ба эътибор мегирад. Мазмуни мафҳумҳои зикршуда дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст.

Ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба даъвоҳои номбурда суд бояд маблағи умумии хароҷотро муайян созад. Дар хароҷоти иловагӣ падару модар иштирок менамоянд, пас дар мавриди шароити якхелаи моддӣ доштан, маблағи хароҷот аз онҳо дар ҳиссаи баробар рўёнида мешавад. Аммо суд ҳуқуқ дорад, ки таъминоти ночиз доштани худи падар ё модари алиментгиранда, ғайри қобили меҳнат будани онҳо, мавҷуд будани аъзои оилаи аз рўи қонун мўҳтоҷи таъминоти онҳо буда ва монанди онро ба инобат гирифта, ҳиссаи онҳоро дар маблағи хароҷоти иловагӣ барои фарзандаш кам намояд. Ин воқеият ба ихтиёрдории суд вобаста аст.

Суд инчунин ҳуқуқ дорад (лекин вазифадор нест), ки падару модарро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан анҷомдода уҳдадор намояд. Дар ин маврид то кадом андоза маблағи хароҷот муқаррар карда мешавад, аз ихтиёрдории суд вобаста аст. Даъвогар бо пешниҳоди далелҳо (ҳуҷҷатҳо, маълумотномаҳо, таърихи касал, билетҳо, ҳуҷҷати муҳосибӣ ва ғайра) хароҷоти иловагии анҷомдодаро бояд исбот намояд. Хароҷоти номбурда бояд ба меъёрҳои мўътадил ҷавобгў бошад. Чунки хароҷоти аз меъёри талабот зиёд аз ҷониби суд набояд қонеъ карда шавад.

Суд инчунин ҳуқуқ дорад, ки падару модарро дар хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад, вазифадор созад. Дар ин маврид даъвогар вазифадор аст ҳангоми пешниҳоди даъ­во ба суд ҳисоби хароҷотро, ки дар оянда сарф мешаванд, пеш­ниҳод намояд ва зарурати онҳоро асоснок намояд. То кадом андоза ин талабот қонеъ мегардад, аз ҳолатҳои мушаххаси парванда ва ихтиёрдории суд вобаста аст.

(Давом дорад)