9 декабри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро қабул намуд ва 18-уми декабри соли 2015 ин қонун аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як рўҳияи баланд ҷонибдорӣ гардид.
Дарвоқеъ, қонуни мазкур ифодагари ормонҳои миллии мо, таҷассумгари заҳматҳои шабонарўзӣ, ҷоннисориҳои беназир, дастовардҳои нав ба нави Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони давлатдории навини тоҷикон мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, тоҷикони бурунмарзӣ, аз ҷумла мардуми сарбаланду боҳиммат, бонангу ори минтақаҳои вилояти Хатлон, ин қонунро бо дилу ҷон пазируфтанд. Эшон вазифаи шаҳрвандии худ медонанд, ки дар атрофи Давлату Ҳукумати ҷоноҷонамон бо сарварии Пешвои муаззам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳарвақта муттаҳид гардида, ба хизмати Модар- Ватан ва дифои музаффариятҳои он ба таври доим омода бошанд.
Меҳру муҳаббат, садоқати ҷонию воқеии миллати аз азал хирадманду бофарҳанг ва тамаддунофари тоҷик, тамоми мардуми шарафманду бунёдкор ва шукргузори Ватани озоду ободамон нисбат ба ворису фарзанди фарзонаи халқ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш дар ҳамоишҳои ҷавонони ҳамаи манотиқ, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ зери шиори «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» бо қувваю шаҳомати нав, иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардида истодааст.
Мо хуб медонем, ки дар тўли зиёда аз 24 сол тавассути Ҳукумат ва Парламенти Тоҷикистон даҳҳо фармону қарорҳо ва қонунҳо ба тасвиб расидаанд, ки боиси тараққиёти рўзафзуни ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватани соҳибистиқлоламон гардидаанд.
Як нуктаро махсус таъкид карданием, ки дар ин давра мактаби сиёсии тозаниҳод — давлатдории навини тоҷикон бо ибтикор ва роҳбарии Пешвои миллат ташаккул ва такмил ёфт, ки аз ҷониби ҷомеаи башар шинохта шуд. Ҳамчунин аз Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида, дар он сиёсатмадори ҷавону боистеъдод, маорифпарвари намоён, фарҳангдўсти ояндабин ва соҳибдилу соҳибназар, меҳанпарасту мардумсолор Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд ва Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 9-уми декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро қабул кард, махсус ёдовар шуданием, ки дорои аҳамияти бузурги таърихӣ ва тақдирсоз буда, дар Таърихи давлатдории миллати тоҷик бо хатти заррин сабт гардиданд.
Ҷанбаи қонунӣ додан ба Пешвои миллат маънии шукргузорӣ, арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳои падаронаи Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти миллат, таҳкими давлатдории навини тоҷикон, ободонии ин Ватани озоду соҳибистиқлоламонро дорад.
Мо аз номи зиёиён ва кулли мардуми шарифу ваҳдатгарои шаҳри бостонии Кўлобу дигар навоҳии вилояти Хатлон бо ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба кору пайкори Пешвои миллатамон, абармарди арсаи сиёсат, инсони шарифу хоксор, раҳнамои мардумсолор дасти дуо бардошта, аз таҳти дил таманно мекунем, ки Пешвои муаззами миллатамон дар паноҳи Худо ва халқ дар паноҳи раҳнамоии ў бошад.
Куган ИЗЗАТУЛЛОЕВ, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулҳай ҚАЛАНДАР, шоир