Худованд дар зиндагӣ инсонро баҳри имтиҳон офаридааст, то ӯ тӯли умр чӣ кореро анҷом медиҳаду чӣ нақшеро аз худ боқӣ мегузорад. Бархе ин рисолатро сарбаландона анҷом медиҳанд ва шамъи ёдашон доимо равшану фурӯзон боқӣ мемонад. Қаҳрамони зернигоштаҳои мо Хушвақтшоҳ Муборакшоев бо тахаллуси Хушвақтшоҳи Амбаркӯҳӣ аз зумраи он ҷавонмардони баору номуси Ватан буд, ки бо хомаи худ исми накуяшро дар ёди пайвандону наздикон ва навори хотироти ҳаводорони каломи бадеъ абадан сабт намуд.
Хушвақтшоҳ миёни кӯҳҳои сарбаланду сарсафеди деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби миёнаи рақами 21 ба номи Иброҳим Исмоилови ноҳияро бомуваффақият хатм намуд. Аз айёми хурдсолӣ дар қалби кучакаш меҳри рӯзноманигор шуданро мепарварид ва мақолаҳояш пайваста дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба табъ мерасиданд. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи руси собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорид. Айёми таҳсил дар донишгоҳ доираи фаъолияти эҷодиашро фарохтар намуда, бо очерку ҳикоя ва мақолаҳои навиштааш қалби садҳо ҳаводорони суханро тасхир намуд. Донишгоҳро бомуваффақият хатм карда, нахуст ба сифати муҳаррири шуъбаи ҷамъиятӣ- сиёсӣ ва баъдан ҳамчун муҳаррири калони идораи ҳунар ва адабиёти Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ фаъолияти пурсамар дошт. Хушвақтшоҳи Амбаркӯҳӣ бо барномаҳои рангину шавқовар қалби тамошобинони бешуморро ба даст овард. Таҳия намудани барномаҳои телевизионӣ кори саҳлу сода набуд, вале қаҳрамони мо бо меҳнати шабонарӯзӣ, дониши комил, омӯзиши пайваста, самаранок истифода кардани вақт ва инчунин маслиҳати устодони ботаҷриба тавонист ин рисолатро сарбаландона ба ҷой орад. Таҳиягар ва барандаи барномаҳои «Тандурустӣ», «Кишоварз» ва барномаҳои дигари сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Дониши баланд, маҳорату кордонӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигии Хушвақтшоҳи ҷавонро ба эътибор гирифта, ӯро ба ҳайси мутахассиси пешбар — тарҷумон ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул намуданд. Дилбастагии зиёд нисбат ба касби заҳматталаби рӯзноманигорӣ боис гардид, ки боз ба арсаи эҷоду эъҷоз баргардад. Аз моҳи сентябри соли 1991 то охири умр дар рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳайси хабарнигори шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт фаъолият дошт. Мақолаву ҳикояҳояш, аз қабили «Падареву писаре», «Чамангул», «Арвон», «Бунафша», «Уштури охирин», «Амаки Оташбек», «Номус», «Хӯса» ва ғайра писанди ҳамагон гардида буданд, ҳикояҳо маҳсуб меёфтанд, ки дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳои «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Тоҷикистони советӣ», «Бадахшони советӣ», «Маданияти Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Дар осори марҳум Хушвақтшоҳи Анбаркӯҳӣ набзи замон метапид ва ӯ бештар мушкилоти даврони бозсозӣ, буҳрони иқтисод ва бесарусомониҳои солҳои 90- уми асри гузаштаро тасвир карда, ҷанги бародаркуширо ҳамчун бузургтарин фоҷиаи миллати тоҷик ба қалам додааст.
Банда тавассути матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёди Хушвақтшоҳи равоншодро мехондам. Ҳар як сатр касро ба олами фикру андеша фурӯ менишонд, ба қалбҳо рашъаи умед медавонд, одамонро ба некиву саховат, хоксориву фурӯтанӣ ва одамият даъват менамуд. Ҷоми тахайюлу андешаи Хушвақтшоҳ Муборакшоев пайваста саршор аз илҳоми эҷодӣ буд. Неруи бузурги созандагӣ ва маҳорати волои касбӣ дошт. Бо матолибу эҷодиёти рангорангаш рисолату вазифаи муқаддаси хешро дар ҷомеа ба сатҳи аъло анҷом медод. Хушвақтшоҳ журналисти нуктасанҷ буда, ҳақиқат ва самимият дар баёнаш ҳамеша мадди назар буд.
Дареғо, ки бо амри тақдир дар давраи бесарусомониҳо дар авҷи камолоти эҷодӣ дили нозук, вале пуршӯри як эҷодкори бедордил, ки қалбаш барои халқу Ватан ва миллати боору нангаш метапид ва ҳанӯз ҳазорон умеду орзуҳоро дар дил мепарварид, аз дасти қотилони бераҳму хунхор аз тапидан бозмонд.
Ҳаёт идома дорад, норасоиҳои зиндагӣ ҳеҷ гоҳ тамом намешаванд, наслҳои нав ба арсаи ҳаёт ворид мегарданд, вале хотира ва номи накуи он ҷавонмардони қаламбадасту эҷодкор, ки қалбашон барои халқу Ватан ва шукуфоии рӯзгори мардум метапид, дар ёдҳо то абад боқист.
Сарфи назар аз гузашти солу моҳ, ҳафтаву рӯзҳо ва соату дақиқаҳои бешумори умр, ки беҳтарин марҳам барои ҳар дили дардманд ҳастанд, ҳамсари содиқу вафодораш, духтури дараҷаи олӣ — Моҳбегим Давлатмамадова бо ёди ҳамсари ҷавонмаргаш зиндагӣ мекунад. Ду фарзанди дилбандашро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, онҳоро тарбияву таълими неку додааст. Омӯхтани шеваи инсонӣ ва аз нури илм баҳравар сохтани фарзандонашонро Моҳбегимапа қарзи модарии хеш ва амалӣ намудани орзуи норасидаи ҳамсари гиромиқадраш дониста, дар тарбияи фарзандонаш саҳми босазо гузоштааст. Ҳамсари азизу ҷигарбандони ба камолрасидаи Хушвақтшоҳи ҷавонмарг эҷодиёти қиблагоҳашонро мутолиа намуда, сад афсӯс мехӯранд, ки ӯ дар байни онҳо нест, вале муътақиданд, ки ӯ рӯҳан миёни онҳост.
Банда низ ба он назарам, ки Хушвақтшоҳи равоншод гавҳари тобнок буд, ки муддате ҳошияи зиндагии моро зинат бахшиду ба макони хештан бозгашт.
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй, Дар синаҳои мардуми ориф макони мост… Муборакшоҳ АЛИМШОЕВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон