Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№8 (3488) 19.01.2016

   МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 88. Уҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини падару модар

1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, ки падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.

2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнати муҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.

3. Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо бо маблағи устувор муайян карда мешавад.

4. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд ба ҳисоб гирад.

5. Фарзандон аз уҳдадориҳои таъмини падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнати муҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.

Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.

Дар муносибатҳои оилавӣ ҳаллу фасли масъалаҳои ба вуқӯъ меомадагӣ дар навбати аввал бо хоҳиши тарафҳо ба таври ихтиёрӣ анҷом дода мешавад. Фарзандони болиғ барои нигоҳубини падару модари ғайри қобили меҳнати ба ку­мак муҳтоҷи худашон метавонанд ба таври ихтиёрӣ уҳда­дориашонро иҷро намоянд. Онҳо барои иҷрои ин уҳдадориҳо метавонанд дар бораи пардохти алимент созишнома банданд ва дар асоси он ба падару модари ба кумак муҳтоҷбуда ёрии моддӣ расонанд. Падару модари ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷбуда одатан пиронсолон, маъюбони гурӯҳи I, II ва III онҳое, ки музди меҳнат, нафақа ва дигар даромадашон барои рӯзгузаронӣ кифоя нест, ба шумор мераванд. Бояд ёдрас кард, ки дар ҳар як маврид падару модари ба кумак муҳтоҷбуда дар асоси маҷмӯи далелҳо ва ҳолатҳои мушаххас муайян карда мешавад.

Қисми 1 моддаи 88 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз нигоҳубин, инчунин ғамхорӣ аз ҷониби фарзандон нисбати падару модарро пешбинӣ намудааст. Зоҳир намудани ғамхорӣ дар бораи падару модари ғайри қобили муҳтоҷи кумак аз ҷониби фарзандони болиғи қобили меҳнат қарзи инсонии фарзандон мебошад. Аз ин сабаб адои чунин уҳдадорӣ бо роҳи маҷбуркунии давлатӣ аз имкон берун аст.

Агар созишномаи номбурда дар бораи пардохти алимент мавҷуд набошад, он гоҳ қонун тартиби судии руёнидани алиментро муқаррар кардааст. Яъне,  аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ба фоидаи падару модари ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷ дар асоси ҳалномаи суд алимент рӯёнида мешавад.

Андозаи алименти ҳармоҳа рӯёнидашаванда ба маблағи устувор рӯёнида мешавад. Ҳангоми рӯёнидани маблағи алимент суд вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳоро ба инобат мегирад. Мафҳуми вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо ба таври муфассал дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст.

Модар ё падари ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷ дорои якчанд фарзанди болиғи қобили меҳнат буданашон мумкин аст. Дар ин маврид онҳо метавонанд ба ҳамаи фарзандҳояшон ё интихоб карда танҳо ба яке аз фарзандон дар бораи рӯёнидани алимент даъво пешниҳод намоянд. Он гоҳ бо талаби ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳангоми муайян намудани андозаи алимент, новобаста аз шумораи ҷавобгарон ҳамаи фарзандони қобили меҳнати падару модарро, бояд ба ҳисоб гирад. Бояд ёдрас шуд, ки дар ин маврид кӯдакони фарзандхондшуда, кӯдаконе, ки падархондӣ нисбати онҳо ба таври ихтиёрӣ ё судӣ муқаррар шудааст, ба мафҳуми фарзандони падару модар тааллуқ доранд.

Қисми 5 моддаи 88 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муқаррар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо фарзандон аз уҳдадориҳои таъмини падару модари ғайри қобили меҳнати муҳтоҷи худ озод гарданд.

Якум ҳолат аз он иборат аст, ки падару модар аз иҷрои вазифаи падару модарӣ саркашӣ карда бошанд. Дар ин маврид ҷавобгар оид ба саркашӣ кардани даъвогар аз вазифаи падару модарӣ ба суд далелҳо пешниҳод намояд. Маводи кофтукови даъвогар (падару модари ҷавобгар) ки аз супоридани алимент саркашӣ мекард, нусхаи ҳуҷҷат нисбати даъвогар вобаста ба бадқасдона саркашӣ кардани у аз таъминоти фарзандон, дигар маводи иҷрои санади судӣ оид ба руёнидани алимент, ки аз рӯи он қарзи доимии алимент исбот мегардад, дар муассисаи кӯдакона тарбия ёфтани кудак ва дар бораи ӯ ғамхорӣ зоҳир накардани падару модар ва ғайра далелҳое мебошанд, ки аз иҷрои вазифаҳои падарию модарӣ саркашӣ кардани падару модар шаҳодат медиҳанд. Агар ҳолатҳои номбурда дар мурофиаи судӣ исбот гардад, суд дар бораи озод кардани фарзандон аз уҳдадории таъмини падару модари ғайри қобили меҳнати муҳтоҷи худ қарор қабул менамояд.

Ҳолати дигар, ки фарзандонро аз пардохти алимент озод менамояд, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидани падару модар (ё яке аз онҳо) мебошад. Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) бо ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд исбот мегардад.

Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловагӣ барои падару модар

1. Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра) суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.

2. Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

3. Тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ ва андозаи ин харо­ҷотро бо созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.

Фарзандони болиғ ҳуқуқ доранд, ки ба таври ихтиёрӣ дар пардохти хароҷоти иловагӣ барои падару модари худ иштирок намоянд. Дар мавриди ихтиёран иҷро накардани чунин уҳдадорӣ аз ҷониби фарзандони болиғи қобили меҳнат он дар ҳолатҳои истисноӣ бо роҳи судӣ амалӣ гардонида мешавад. Қонун номгӯи тахминии ҳолатҳои истисноиро (бемории вазнин ва ғайраро) пешбинӣ кардааст, яъне ҳалли ин масъала ба ихтиёри суд дода шудааст. Вобаста аз муқаррар кардани ҳолатҳои мушаххаси парванда суд ҳуқуқ дорад, ки даъвои падару модар ғайри қобили меҳнатро оид ба ҷалб намудани фарзанди болиғи қобили меҳнат дар пардохти хароҷоти иловагӣ марбут ба ҳолатҳои истисноӣ қонеъ ё ин ки рад намояд. Аз мазмуни қисми 1 моддаи 89 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар хароҷоти иловагии падару модари ғайри қобили меҳнат танҳо фарзандони болиғи қобили меҳнат ҷалб карда мешаванд. Дар ин маврид муҳтоҷи кумак будан ё набудани падару модар аҳамият надорад. Фарзандони болиғе, ки нафақа, ёрдампулӣ мегиранд ва қобилияти меҳнатӣ надоранд, барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагӣ уҳдадор намебошанд.

Суд андозаи алиментро барои хароҷоти иловагӣ бо маблағи устувори ҳармоҳа пардохтшаванда муқаррар менамояд. Ҳангоми муқаррар намудани андозаи алимент, суд вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳоро ба инобат мегирад. Мазмуни мафҳумҳои зикргардида дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст.

Ҳангоми муқаррар кардани маблағи алимент, суд бояд талаботи қисми 4 моддаи 88 КО Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, яъне бо талаби ҷавобгар суд новобаста аз шумораи ҷалбшудаи ҷавобгарон андозаи алиментро (пардохти хароҷоти иловагӣ) ҳатман бо ба ҳисоб гирифтани фарзандони болиғи меҳнати падару модар муқаррар менамояд. Дар ҳалномаи суд дар бораи аз ҳар як фарзанди қобили меҳнат ба таври мушаххас кадом андозаи алименти ба маблағи устувор рӯёнидашаванда нишон дода мешавад.

Фарзандони болиғи қобили меҳнат дар ду ҳолат аз пардохти хароҷоти иловагӣ барои падару модар озод буда метавонанд: агар падару модар аз иҷрои вазифаҳои падару модарӣ нисбати ин фарзандон саркашӣ карда бошанд ё ин ки нисбати фарзандон аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шуда бошанд, он гоҳ фарзандони болиғи қобили меҳнати чунин падару модар аз уҳдадории пардохтани хароҷоти иловагӣ озод мебошанд. Ҳолатҳои номбурда дар қисми 5 моддаи 88 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра шарҳ дода шудааст.

Фарзандони болиғи қобили меҳнат ва падару модари ғайри қобили меҳнат оид ба андоза ва тартиби хароҷоти иловагӣ метавонанд ба таври ихтиёрӣ, бо риоя кардани талаботи моддаҳои 100 ва 106 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома банданд.

(Давом дорад)