Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№11 (3491) 26.01.2016

 

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби судӣ барои таъминоти зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ ситонида мешавад

Дар сурати мавҷуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оиди пардохти алимент андозаи алименте, ки ба тартиби судӣ ҳар моҳ барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян мегардад.

Андозаи воситаҳои рӯёнидашаванда барои таъмини ҳамсар аз ҷониби қонун ба таври мушаххас нишон дода нашудааст. Дар мавриди набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оид ба пардохти алимент ҳалли ин масъала ба салоҳияти суд дахл дорад. Суд дар асоси даъвои шахси манфиатдор (зан ё шавҳари собиқ) бо назардошти маблағи зарурии таъминот аз ҷониби ҷавобгар, вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо баҳси таъминоти ҳамсаронро баррасӣ менамояд. Дар ин маврид суд алиментро (таъминотро) дар шакли маблағи устувор ҳармоҳа мерӯёнад. Қонун андозаи муайяни алиментро муқаррар накардааст. Ҳалли масъала вобаста ба андозаи алимент, ба ихтиёрдории суд ҳавола шудааст. Суд вобаста аз муайян кардани ҳолатҳои дар боло зикркарда дар ҳар як парвандаи баррасишаванда ба таври мушаххас андозаи алиментро муқаррар менамояд. Ҳолатҳои зикргардида ба ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда монанд мебошанд. Шарҳи муфассали ҳолатҳои ҳангоми таъини алимент ба инобатгиранда дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Уҳдадории алиментии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) новобаста аз қобилияти меҳнатӣ доштан ё надоштан дар назар дошта шудааст. Барои ҳамин ҳам доштани маблағи зарурӣ барои таъминоти ҳамсар аз ҷониби ҷавобгар танҳо як музди меҳнат, нафақаро дар назар надорад. Дар ин маврид тамоми дигар намуди даромад, ки аз ҳисоби молу мулки қиматбаҳо, пасандозҳои бонкӣ ва монанди онҳо ҷой дошта низ ба инобат гирифта мешавад.

Ҳангоми муқаррар кардани андозаи алимент барои таъминоти якдигарии ҳамсарон (зану шавҳари собиқ) суд танҳо талаботҳои моддии ҳақиқӣ ва асоснокро бояд ба инобат гирад. Талаботҳои берун аз таъмини муътадили рӯзгузаронӣ ба инобат гирифта нашуда қонеъ карда намешаванд, чунки онҳо аз доираи мафҳуми ба кумак муҳтоҷбуда берун мебошанд.

Вобаста аз тағйир ёфтани вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ҳар яки он оид ба тағйир додани андозаи муқарраркардаи алимент ҳуқуқи муроҷиат кардан ба судро доранд.

Моддаи 93. Аз уҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани муҳлати уҳдадорӣ

Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи ақди никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин аз уҳдадории таъмини ҳамсари худ озод кунад ё муҳлати ин уҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад:

- агар корношоямии зан ё шавҳари муҳтоҷ дар натиҷаи сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маводи нашъадор ё қасдан ҷиноят содир намудани ӯ ба амал омада бошад;

- агар хонадории зану шавҳар камтар аз панҷ сол давом карда бошад;

- агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.

Қонунгузор ба суд ҳуқуқ додааст, ки дар ҳолатҳои муқарраркарда дар давраи ақди никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он зан ё шавҳарро аз уҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намояд ё муҳлати ин уҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад. Яъне, суд дар озод кардани зан ё шавҳар аз уҳдадории таъмини ҳамсари худ вазифадор нест. Ин талабот аз он бармеояд, ки дар моддаи 93 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти суд инчунин чораи алтернативӣ – маҳдуд сохтани муҳлати иҷрои уҳдадории таъмини ҳамсари дигар пешбинӣ шудааст.

Моддаи 93 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пурра тамоми номгӯи шартҳоеро номбар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани он суд зан ё шавҳарро аз уҳдадории таъмини ҳамсар озод менамояд ё муҳлати иҷрои чунин уҳдадориро маҳдуд месозад.

Шарти аввали номбурдаи модда аз он иборат аст, ки корношоямии яке аз ҳамсарони муҳтоҷ дар натиҷаи суиистеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маводи нашъадор ё қасдан ҷиноят содир намудан ба амал омадааст. Ин воқеият бо санадҳои тиббӣ дар бораи майзада ё нашъаманд эътироф кардани шахс, ки оқибати он ба гум кардани қобилияти меҳнатӣ (маъюбӣ) оварда расонидааст, тасдиқ мегардад. Ё ин ки шахс пас аз содир кардани ҷинояти қасдона ҳангоми ғайб задан аз ҷои ҳодиса лат хӯрда маъюб мегардад. Ин воқеият бо ҳукми суд ё дигар санадҳои мақомоти дахлдор исбот мегардад. Дар ҳамаи ҳолатҳои номбурда оқибати гум кардани қобилияти меҳнатӣ аз рафтори худи шахс ба ҳамон шахс (зан ё шавҳар) таъсири манфӣ мерасонад.

Шарти дигари озод кардан ё маҳдуд сохтани муҳлати иҷрои уҳдадории таъминоти ҳамсари дигар аз давомнокии хонадории зану шавҳар вобаста карда шудааст. Яъне, қонунгузор ба таври мушаххас муҳлатро муқаррар кардааст. Дар мавриде, ки то бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар камтар аз панҷ сол хонадорӣ карда бошанд, суд метавонад даъворо оид ба таъминоти ҳамсари дигар рад намояд, ё ин ки муҳлати иҷрои уҳдадории таъминоти ҳамсари дигарро ба таври муайян маҳдуд созад.

Шарти сеюми озод кардан ё маҳдуд кардани муҳлати иҷрои уҳдадорӣ оид ба таъмини ҳамсари дигар рафтори ношоистаи яке аз ҳамсарон дар оила нишон дода шудааст. Қонунгузор рафтори ношоистаи ҳамсарро дар оила муайян насохтааст. Ҳалли ин масъала дар ҳар як мавриди мушаххас ба ихтиёри суд дода шудааст. Рафтори ношоистаи зан ё шавҳар аз нуқтаи назари ҳуқуқ ва меъёрҳои ахлоқ баҳо дода мешавад. Чунин рафтор давраи тоникоҳӣ, ақди никоҳ ва баъди онро дар бар гирифта метавонад. Дар ҳар як мавриди мушаххас рафтори ношоистаи яке аз ҳамсарон дар оила аз саркашӣ кардани ӯ аз иҷрои уҳдадорӣ оид ба тарбия ва таъминоти фарзандон, бо оворагардӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ машғул будани ӯ ва монанди он зоҳир шуданаш мумкин аст.

Бояд ёдовар шуд, ки номгӯи шартҳои пешбининамудаи қонун барои дуруст ҳал кардани даъво бояд пурра санҷида шаванд. Аз натиҷаи муҳокима тақдири даъво вобастагӣ дорад. Дар ҳама ҳолат ваҷҳи ҷавобгар дар бораи вазъи моддии ӯ, ки имконияти супоридани алиментро истисно мекунад, рафтори ношоистаи даъвогар дар оила ва монанди он дар муҳокимаи судӣ аз ҷониби суд бояд санҷида шавад. Аз натиҷаи он қонеъ ё рад кардани даъво анҷом дода мешавад.

(Давом дорад)