ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни сенарияи баргузории барномаи театрикунонидаи ҷашни 3000 — солагии Ҳисорро эълон кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати мазкур, дар озмун адибон, рӯзноманигорон ва аҳли эҷод метавонанд ширкат намоянд. Сенарияҳо аз лиҳози мавзуъ ва муҳтаво бояд таърихи 3000 — солагии ин гӯшаи Ватанро таҷассум намоянд. Ҳамзамон корнамоию шуҷоати фарзандони барӯманди тоҷик, дастовардҳои даврони истиқлолият ва ояндаи дурахшони халқу кишварро тараннум намуда, дорои тахаюл ва бадеияти баланд бошад. Қабули сенарияҳо то 20 феврали соли 2014 идома меёбад. Озмун моҳи марти соли 2014 ҷамъбаст ва ғолибон мукофотонида мешаванд.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон