Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 Муҳтарам аъзои Ҳукумат! Ҳозирини гиромӣ!
Рӯзи гузашта дар Паёми Президент бо иштироки аъзои Маҷлиси Олӣ ва доираи васеи роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии тараққиёти кишвар баён карда шуданд.
Муҳокимаҳои имрӯза нишон доданд, ки бо вуҷуди иҷрои нақшаҳои пешбинишуда имкониятҳои мавҷуда дар бисёр соҳаҳо ҳанӯз ҳам пурра ва самаранок истифода нашудаанд.
Аз ин рӯ, ба Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳар чӣ зудтар амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар баёнгардида нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, татбиқи саривақтии онро таъмин созанд.
Аз ҳисоботи Сарвазири кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маълум гардид, ки дар баробари пешравиҳо то ба ҳол дар фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиву норасоиҳо зиёданд.
Бинобар ин, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба он, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои зерин дода мешаванд:
Барои ноил шудан ба афзалиятҳои муайяншуда на танҳо вусъат бахшидани суръати рушд, балки ба сифати рушд аҳамияти махсус дода шавад.
Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди босуботи дарозмуддат аз ҳисоби пурра ва самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар сатҳи тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо, инчунин барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ чораҷӯйӣ намояд.
Чунин иқдом дар шароити имрӯзаи зудтағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа бисёр зарур мебошад.
Инчунин вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки корҳоро дар самти бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, такмили сиёсати молиявию қарзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои доимии корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот тақвият бахшанд.
Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои мутасаддӣ таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисоди миллиро мунтазам ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар баробари ин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ намудани барномаҳои қабулгардида чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар семоҳа ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳарчанд ки қисми даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2015 таъмин карда шуд, вале баъзе намудҳои даромади буҷет иҷро нагардиданд.
Бо вуҷуди ин, маблағгузории соҳаҳо, бо дарназардошти вазъи воқеии даромади Буҷети давлатӣ, дар давоми сол ва аз рӯи афзалиятҳо амалӣ карда шуд.
Бо дарназардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2016 ва ҷамъбасти натиҷаҳои соли молиявии 2015 зарур аст, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, такмили низоми андозбандӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани он дар тамоми манотиқи кишвар, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва ҷалбшуда тақвият дода шаванд.
Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои амалӣ гардидани иқдомҳои созандаи соҳибкорон, бахусус дар самти таъсиси коргоҳу корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тамоми шароити заруриро муҳайё созанд.
Дар ин раванд, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки сиёсати молиявию қарзиро вобаста ба вазъи иқтисодии кишвар, таъмини рушд ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бахусус иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоиву байналмилалии давлат равона карда, ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии соли 2016, истифодаи самараноки маблағҳо, худдорӣ намудан аз хароҷоти дуюмдараҷа ва маблағгузории саривақтии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Аз ҷониби дигар, таъмини шаффофияти фаъолияти молиявии субъектҳои хоҷагидор, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ аз истифодаи барномаву технологияҳои муосири баҳисобгирӣ ва мубодилаи иттилоот вобаста буда, чунин иқдом ба коҳиш додани иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук зарур аст, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ ва мубодилаи маълумот тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Айни замон қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои сифатноки буҷет ва нақшаи даромади андозҳо таъмин нагардида, бақияпулиҳои андоз ба ҷойи кам шудан, баръакс, торафт зиёд шуда истодаанд, ки дар натиҷа, чунин вазъ боиси сари вақт пардохт нашудани маошу нафақа гардида истодааст.
Дар ин ҷода, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд доир ба ҳалли масъалаи коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҷӯйӣ намоянд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, роҳбарони ҳамаи субъектҳои хоҷагидор вазифадоранд, ки дар соли ҷорӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, махсусан иҷрои сифатноки қисми даромади Буҷети давлатӣ ва таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоӣ, хусусан маошу нафақа чораҳои судманд андешанд.
Инчунин дар аксари шаҳру ноҳияҳо андози Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин нагардида истодааст.
Дар ин самт, сохтору мақомоти марбута, махсусан раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати ҳалли масъалаи кам кардани бақияпулиҳо ва пардохти саривақтии андози Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар риоя нагардидани маҳдудиятҳо ҷиҳати харидории маводҳои дуюмдараҷа ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо аз ҷониби мақомоту идораҳо мушоҳида мегардад.
Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин карда, аз ҳама гуна хароҷоти дуюмдараҷа қатъиян худдорӣ намоянд.
Ба Бонки миллии Тоҷикистон зарур аст, ки барои ба эътидол овардани бозори асъори хориҷӣ, коҳиш додани таъсири фишори қурб ба пули миллӣ, истифодаи асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ дар муомилоти дуҷониба, зиёд кардан ва самаранок истифода намудани захираҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини низоми устувори бонкӣ, ҷалби захираҳои қарзӣ ва сармоягузорӣ аз хориҷи кишвар, беҳтар намудани ҳолати дастрасии қарзҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ барои аҳолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ мунтазам корбарӣ намояд.
Зарур аст, ки бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ якҷо бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати дар соли 2016 дар доираи то ҳафт фоизи солона нигоҳ доштани сатҳи таваррум чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бо вуҷуди таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ иқтидорҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода нашудаанд ва ҳоло ҳам қисми назарраси бозори истеъмолӣ аз ҳисоби молҳои воридотӣ таъмин карда мешавад.
Дар баробари ин, фаъолияти баъзе корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун 290 коргоҳу корхона фаъолият накардааст.
Аз ин хотир, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Палатаи савдо ва саноат супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, фаъолияти самараноки онҳоро ба роҳ монанд ва оид ба дарёфти бозорҳои нав дар хориҷи кишвар ҷиҳати содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Илова бар ин, оид ба ҳалли масъалаҳои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия, ба монанди ноқилҳои гуногунқутр барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои энергетикӣ ва шабакаҳои барқӣ, маводи таъиноти саноату сохтмон ва ашёи рӯзгори мардум чораҳои иловагӣ андешанд.
Вобаста ба ин, дар асоси ҳисобҳои асоснок номгӯйи маҳсулоти ивазкунандаи воридотро бо дарназардошти арзиши аслии паст, аз ҷумла ашёи хом, қувваи корӣ, неруи барқ ва стандарту сифати баланд таҳия намуда, аз рӯи номгӯйи мазкур дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ истеҳсол, фурӯш ва содироти молу маҳсулотеро, ки дар бозори истеъмолии кишвар ва бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ рақобат карда метавонанд, ба роҳ монанд.
Бо мақсади дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, хусусан маблағҳои барои фармоишҳо ва хариди давлатӣ пешбинишуда ҳаҷми фармоишҳои давлатиро дар корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд намуда, хариди мол, кор ва хизматрасониро бо тариқи афзалият тавассути корхонаҳои ватанӣ анҷом диҳанд.
Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об ва нақлиёт бо мақсади таъмини фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои саноатии ба истифодаи ангишт гузаронидашуда, марказҳои барқу гармидиҳии мавҷуда ва таъсисёбанда истихроҷи саноатии ангиштро васеъ ба роҳ монда, ба истифодабарандагон дастрас намудани онро таҳти назорат қарор диҳанд.
Ҳукумат бо дарназардошти аҳамияти соҳаи энергетика дар самти рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ҳар чӣ бештар истифода гардидани захираҳои энергетикии мамлакат пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Вале дар ин самт то ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаби зиёд мавҷуд мебошанд.
Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ШСХК «Барқи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи сарфакорона ва самараноки захираҳои энергетикӣ, баланд бардоштани фаъолияти самараноки шабакаҳои барқӣ, инчунин татбиқи саривақтии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «СASA -1000» ва бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» чораҳои судманд андешанд.
Илова бар ин, оид ба ҳалли масъалаҳои кам намудани талафоти неруи барқ, зиёд кардани ҷамъоварии маблағҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, аз ҷумла низоми автоматии ҳисоб ва назорати неруи барқ чораҳои қатъиро амалӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ба ШСКХ «Барқи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки корҳои тарғиботиро бо аҳолӣ ҷиҳати сари вақт супоридани маблағи ҳаққи истифодаи барқ тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба роҳ монда, камбудиву норасоиҳоро дар самти пардохти истифодаи неруи барқ бартараф намуда, якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади аз худ намудани захираҳои энергетикии кишвар, беҳсозии вазъи таъминот ба неруи барқ, таҳияи асосноккунии лоиҳаҳои иншооти энергетикӣ, дарёфти манбаъҳои нави сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.
Бояд гуфт, ки иқлими кишвар ва тадбирҳое, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бахусус дар самти таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, беҳдошти замин, бунёд ва барқарорсозии боғу токзор ва васеъ намудани масоҳати замини кишти сабзавот, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ гардиданд, имкониятҳои моро барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он бамаротиб зиёд намуданд.
Аз ҷониби дигар, вазъи пахтакорӣ дар саросари мамлакат ташвишовар буда, ба ҳар роҳу баҳона ин соҳаи муҳим ба нестӣ расида истодааст.
Ҳол он ки пахтакорӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди комплекси агросаноатии кишвар, хусусан саноати сабук, омили фароҳамсозии ҷойҳои корӣ ва даромади мардум мебошад. Бинобар ин, мо сохтмони боз якчанд корхонахои нави бофандагиро ба нақша гирифтаем.
Ҳамзамон бо ин, зиёда аз 16 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Вобаста ба ин, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмини намудани талаботи корхонаҳои мавҷуда ва таъсисёбандаи ватанӣ бо пахта бо роҳи зиёд намудани истеҳсоли пахта аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии замин, ҳавасмандгардонии хоҷагиҳо барои зиёд кардани кишти пахта, истифодаи технологияҳои муосир ва усулҳои нави агротехникӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди пахта вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати торафт зиёд кардани майдони кишти пахта ва коркарди пурраи он дар дохили мамлакат чораҳои судманд амалӣ намоянд.
Ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, инчунин, вобаста ба барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ҳифзи онҳо аз офатҳои табиӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам ва ба роҳ мондани истифодаи тухмиҳои хушсифат мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Тавре ки аз маълумотҳо бармеояд, то ҳол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат риоя нагардидани талаботи қонунгузории замин, бахусус ҳангоми тақсимот ва истифодаи он, ба мушоҳида мерасад.
Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти прокуратура супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, монеа ва қонуншиканиҳоро дар ин самт сари вақт бартараф намоянд.
Бо вуҷуди корҳои бунёдкориву созандагии анҷомдодашуда ҳанӯз ҳам дар самти сохтмон ва тармими роҳҳо як қатор масъалаҳои муҳим боқӣ мондаанд.
Вобаста ба ин ба Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарони татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ супориш дода мешавад, ки корҳоро дар самти бунёд ва таҷдиди роҳҳо, аз ҷумла роҳҳои аҳамияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявидошта, сохтмони марказҳои логистикиву терминалҳои наздисарҳадӣ, инфрасохтори хизматрасонии нақлиётӣ дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва баҳисобгирии хизматрасониҳои нақлиётӣ беҳтар намуда, ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ ва дар сатҳи хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани роҳҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла неруи созандаи соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Дар шароити рақобати шадиди кишварҳо вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ кишвари мо барои ҷалби маблағҳои иловагии сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, боло рафтани рейтинги байналмилалии мамлакат, ҷолибияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна амалӣ намудани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир саҳми бахши хусусӣ дар беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ зиёд шуда, 65 фоизи ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварро бахши ғайридавлатӣ таъмин карда истодааст.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо субъектҳои соҳибкорӣ барои ба таври назаррас зиёд кардани саҳми соҳаҳои коркард ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиш додани коркарди молу маҳсулот ва арзиши иловашудаи онҳо андешидани чораҳои иловагӣ зарур мебошад.
Истифодаи самараноки иқтидори корхонаҳо низ метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини рушди босуботи иқтисодӣ гардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои давлатӣ бо истифода аз мавқеи бартариятноки худ дар сурати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок метавонанд қарзҳои худро дар назди Буҷети давлатӣ пурра ва сари вақт пардохт намоянд ва дар рушди иқтисодиёт саҳми аз ин бештар дошта бошанд.
Аз ин рӯ, Сарвазири мамлакат, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо бояд барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати ба ҳадафҳои рушди иқтисодӣ мутобиқ намудани онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин чорабиниҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити ҷаҳони муосир воситаи асосии рушди бомароми иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад, омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои донишу малака ва ҷаҳонбинии муосири техникиву технологӣ мебошад.
Дар ин раванд зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи марҳалаи кунунии рушд ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар самти идоракунии зиддибуҳронӣ, таҳлилгарони соҳавӣ, барномасозон ва мутахассисони идоракунии давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар низ диққати ҷиддиро талаб менамояд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои дохилӣ рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳоро дар доираи маблағҳои буҷети маҳаллӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин вобаста ба супоришҳои ҳангоми сафарҳои кории Роҳбари давлат ба минтақаҳои кишвар ва вохӯриҳо бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳо додашуда ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо бо дарназардошти захираву имкониятҳои воқеӣ, татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва барномаҳои сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, инчунин барои амалисозии барномаҳо ва чорабиниҳои алоҳида барои ҳар як вилоят ва шаҳру ноҳия чораҷӯйӣ карда шавад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки масъулини сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи ҳалли мушкилоти ҷойдошта бояд боз ҳам ҷиддитар муносибат намоянд.
Соҳаи иҷтимоӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад ва бо дарназардошти ҳамин афзалият дар Буҷети давлатии соли 2015 зиёда аз 50 фоизи хароҷот ба ин самт равона гардида буд.
Сарфи назар аз вазъи иқтисодӣ, сохта ва мавриди истифода қарор додани иншооти таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, таъсис додани муассисаҳои муштараки таҳсилоти олӣ, ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилотӣ, таъсиси стипендияи махсуси дастгирии толибилмони болаёқат, ҳамасола ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ ва маблағҳои махсус барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумат ба илму маориф мебошад.
Вале бо вуҷуди чораҷӯйиҳои зиёди Ҳукумат дар ин самт, сатҳ ва сифати таълим, истифодаи самараноки маблағҳо ва бурсияҳои ҷудогардида ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, норасоии мутахассисон дар аксари соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба назар мерасад.
Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани сифати омода кардани мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани донишу малакаи хатмкунандагон ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки стандартҳои нави таълимиро таҳия намуда, ҷиҳати такмили робитаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат тадбирҳои доимӣ андешад.
Инчунин якҷо бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки омодасозии кадрҳои муҳандисиву техникӣ, илмӣ ва илмиву педагогиро тибқи эҳтиёҷоти иқтисоди миллии кишвар ва бозори меҳнати он муайян намуда, барои татбиқи он чораҳои фаврӣ амалӣ намояд.
Ба Вазорати маориф ва илм ҳамчунин супориш дода мешавад, ки барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони сатҳи баланди касбӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Ҷараёни татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2014 — 2020» қонеъкунанда набуда, айни замон ҷалби кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ба талабот ҷавобгӯй нест. Доир ба ин масъала аз имкониятҳои бахши хусусӣ кам истифода мегардад ва фоизи фарогирии кӯдакон ба чунин муассисаҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор дорад.
Дар баробари ин, вазъи таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои мазкур ба талаботи замон ҷавобгӯй намебошад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки доир ба ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои ҳамаҷониба андешанд.
Солҳои охир дар мамлакат иншооти зиёди тандурустӣ бунёд гардида, онҳо бо технологияҳои муосири соҳа таъмин карда шудаанд. Вале то ҳол вазъи баъзе бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташвишовар ва дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ҳар чӣ зудтар бартараф намуда, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббиро ба талаботи замон мутобиқ гардонад.
Дар доираи ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, пиронсолони бемор ва яккаву танҳо, инчунин дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, тадбирҳои мушаххас андешида, лоиҳаи «Барномаи расонидани кумаки иҷтимоии унвонӣ барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва дар давоми соли 2016 ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта бошад ҳам, дар ин самт то ҳол маълумоти мақомоти шуғли аҳолии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо нишондиҳандаҳои Агентии омор мувофиқат намекунад.
Ин аст, ки доир ба тамоюли бекорӣ ва пасту баланд рафтани шиддати он маълумоти саҳеҳ мавҷуд намебошад.
Бахусус кор дар самти ташкили корҳои хонагӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, косибӣ ва монанди инҳо, ки солҳои охир ба таври доимӣ таъкид мегардад, ғайриқаноатбахш буда, баъзе чорабинӣ ва тадбирҳои андешидашуда намоишкорона ба роҳ монда мешаванд. Бояд корро тарзе ба роҳ монд, ки корҳои хонагӣ ба яке аз воситаҳои асосии даромад ва бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинони шаҳру ноҳияҳо табдил ёбанд.
Аз ин рӯ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба раванди ташкили курсҳои бозомӯзӣ, азхудкунии касбу кор ва корҳои хонагӣ эътибори ҷиддӣ дода, ҷалби ҷавондухтарону занони бекорро ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардонанд.
Умуман, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои рӯзмарраи фаъолияти ҳар як роҳбари сохтору мақомоти марбута, пеш аз ҳама, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба шумор меравад.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб зиёд гардидани шумораи бекорон ва дарёфти роҳҳои бо шуғл фаро гирифтани онҳо ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тамоюли раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз коҳиш ёфтааст.
Агар сабаби то андозае коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз як тараф пастравии сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои шарики тиҷоратии мо бошад, мавҷуд набудани созишнома ва шартномаҳои байнидавлатӣ бо дигар давлатҳои хориҷӣ, ки дар вазъияти имрӯза ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ зарурат доранд, ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати дарёфти бозорҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Тавре ки ҳамаи шумо дар хотир доред, соли гузашта дар чандин ноҳияҳои мамлакат офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза, омадани селу тарма ва сардии ҳаво рӯй доданд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳар чӣ зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, то ки дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо дар муҳлати кӯтоҳтарин барқарор ва зиндагии муқаррарии мардум таъмин карда шавад.
Бинобар ин, Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки ҷиҳати пурра бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, бахусус пурра барқарор кардани манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, омода намудани тамоми муассисаву иншооти аҳамияти иҷтимоидошта, дар навбати аввал, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, шабакаҳои барқ, инчунин дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Дар баробари ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаҳои вазъи таъминоти бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ, назорати доимии нархи молҳои ниёзи аввал ва ҳалли мушкилоти мардум эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои таъмини фаъолияти мунтазами коргоҳу корхонаҳои мавҷуда, омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ, инчунин сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои Буҷети давлатӣ ҳамаҷониба чораҷӯйӣ карда шавад.
Бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ то ҳанӯз риоя нагардидани талаботи қонунгузории мамлакат дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мазкур мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Илова ба корҳои созандагиву ободонӣ масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, риояи талаботи қонунҳои мамлакат доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд аз ҷумлаи вазифаҳои ҳамарӯзаи сохтору мақомоти дахлдор, аҳли зиё, фаъолон ва кулли шаҳрвандон бошанд.
Гарчанде муҳлати компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ба охир расида, нақшаи иҷрои он дар кишвар таъмин гардидааст, аммо то ҳол баъзе шаҳру ноҳияҳо нақшаро аз 80 то 90 фоиз иҷро кардаанд.
Аз ин рӯ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршударо зарур аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин масъалаи мазкурро ҳал намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд.
Вазъи сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои санъат ва мусиқӣ, фаъолияти китобхонаҳо, ташкили қироатхонаҳо, қасру боғҳои фарҳангӣ ва театрҳо низ беҳбудиро талаб менамояд, вале мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба пешрафт ва таҳкими заминаҳои моддӣ ва таъмиру тармими онҳо кам аҳамият медиҳанд.
Тибқи таҳлилҳо 38 фоизи кормандони соҳаи фарҳанги кишвар бо таҳсилоти миёна фаъолият доранд, ки ин ҳолат ба таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанг, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин камбудиҳои мазкурро баратараф намуда, ҷиҳати беҳтар шудани нигоҳдории муассисаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти доимии онҳо, бахусус дар минтақаҳои кишвар, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда масъалаи фарогирии аҳолии мамлакат бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ҳанӯз ҷавобгӯйи талабот нест. Дар бисёр манотиқи кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мардум аз тамошои телевизиону шунидани барномаҳои радио маҳруманд.
Ин мушкилот боиси нигаронист, масъулон вазифадоранд, ки барои ҳар чӣ зудтар бартараф намудани ин камбудӣ ва таъмини фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои радио ва телевизион тадбирҳои иловагӣ андешанд ва доир ба корҳои анҷомдодашуда ҳар се моҳ ба Ҳукумат гузориш манзур намоянд.
Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар мамлакат 54 фоизро ташкил намуда, татбиқи он мувофиқи мақсад намебошад. Ҳоло ҳам такрори зиёди барномаҳо ва сатҳи пасти касбияти рӯзноманигорони телевизион ва радио ба назар мерасад.
Бо истифода аз ҳузури раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, яъне, шомил гардидани шаҳрвандони мамлакат, хусусан ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористиву экстремистӣ ҷалб намоям.
Ҳамаи шумо аз вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа хуб огоҳ ҳастед. Солҳои охир раванди сиёсишавии ислом ва дар ин замина авҷ гирифтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ ва амалҳои тахрибкорӣ боиси нооромии минтақаҳои гуногуни сайёра гардидааст.
Кишвари мо низ бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофиаш зери таҳдиди ин хатарҳо қарор дорад.
Тибқи таҳлилҳо макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд.
Худатон қазоват кунед, ки ҳоло дар ҳудуди мамлакат, дар маҷмӯъ, қариб 5400 масҷид, аз ҷумла 3930 масҷиди расмӣ ва 1470 масҷиди ғайриқонунӣ фаъолият мекунад.
Дар баробари ин, дар миқёси кишвар 3 836 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки аз теъдоди умумии масҷидҳо кам буда, 25 фоизи онҳо ба таъмир ниёз доранд.
Маҳз бо сабаби таъсири омили зикршуда, фаъолияти нокифояи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутасаддиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷараёни таъсиррасонии мафкуравии пайравони гурӯҳҳои ифротӣ бештар дар байни ҷавонон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Раванди мазкур бахусус дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва Бохтар бамаротиб зиёд гардидааст.
Тибқи маълумот, айни замон беш аз ҳазор нафар сокинони кишвар ба сафи Давлати ба ном исломӣ пайваста, дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд.
Ҳамзамон бо ин, дар маҷмӯъ 146 оила ба Сурия ва Ироқ кӯч баста, 21 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба сафи созмони террористии Давлати исломӣ шомил шудаанд.
Сабаб ва омилҳои асосии гаравиши ҷавонону наврасон ба сафи равияҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ, пеш аз ҳама, ба бемасъулиятии падару модарон нисбат ба тақдири фарзандони худ, мавҷуд набудани шароити ташкилӣ барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани корҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳудуди маҳалла, ҷамоат, шаҳрак, ноҳия ва шаҳру вилоят мавҷуд будани мушкилоту норасоиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ алоқаманд мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, тибқи маълумот солҳои охир шумораи қонунвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону наврасон афзоиш ёфта истодааст.
Ҳолати мазкур низ шаҳодати он аст, ки масъулони таълиму тарбия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ин самт аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардаанд.
Бинобар ин, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор ба занон ва оила, Иттифоқи нависандагон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ бо роҳи ба маҳалҳо сафарбар намудани мутахассисон, дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намудани дарсҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва ташвиқи арзишҳои дунявӣ, таҳияи барномаҳо ва филмҳои талқинкунандаи андешаҳои меҳанпарастӣ, шеъру мақолаҳо, сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Дар ин марҳалаи ҳассос яке аз вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар боз ҳам пурқувват намудани тадбирҳои амниятӣ ва назорати риояи қатъии қонуният, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.
Вобаста ба ин, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва сохторҳои низомӣ супориш дода мешавад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳарвақта дида, зираку ҳушёр бошанд ва дар самти пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо ҳамкории муштарак дошта бошанд.
Ҳукумати мамлакат бо дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар сол барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҳазорҳо гектар замин ҷудо мекунад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъулон ҳангоми тақсимоти замин ба аҳолӣ барои бунёди хонаи фарҳанг, китобхона, нуқтаҳои тиббӣ ва майдонҳои варзишӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
Ҳамчунин роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи қабул ва баррасии арзу шикоятҳои сокинон ва ҳалли мушкилоти зиндагии онҳо фориғболӣ зоҳир менамоянд.
Дар хотир бояд дошт, ки чунин муносибат боиси нобоварии мардум нисбат ба сиёсати Ҳукумат мегардад ва аз ин вазъ гурӯҳҳои ифротӣ ба манфиати худ истифода мебаранд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити мураккабу печидаи муосир ҳар яки шумо бояд зираку ҳушёр бошед, ҷиҳати халли мушкилот ва арзу шикояти сокинон тадбирҳои саривақтӣ андешед ва барои ободии диёр ва пешрафти кишварамон самимона азму талош намоед.
Соли 2016 барои кулли мардуми Тоҷикистон бояд соли созандагиву ободонӣ, пешрафт ва комёбиҳои беназир гардад, зеро имсол Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 25 — сола мешавад.
Аз ин лиҳоз, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати корҳои ободонӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.
Дар охир, бори дигар хотирнишон месозам, ки танҳо бо меҳнати софдилонаи худ мо метавонем пешрафти иқтисодиётро таъмин ва сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамонро баланд бардорем.
Ба ҳамаи шумо фаъолияти пурсамар ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Саломат бошед!