«Оши палав», «Фалак» ва «Чакан» ба Юнеско пешниҳод гардиданд
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони вазорат номинатсияҳои «Оши палов», мусиқии суннатии тоҷик «Фалак» ва «Чакан» барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, корҳо дар самти омӯзиши илмӣ, ҳуҷҷатнигории ҳунари «Читгарӣ», номинатсияи «Атлас» ва «Чавгон», инчунин таҳқиқ ва омӯзиши илмии дигар унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ҷиҳати пешниҳод ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО идома дорад.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанг дар маҷмӯъ 116 номгӯй китобро бо теъдоди 90510 нусха, дар ҳаҷми 1362 ҷузъи чопӣ ба табъ расониданд.
Бино ба гуфти мавсуф, имрӯз дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 14528 нафар донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2870 нафар омӯзгор таълим медиҳанд.
- Дар тобеияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон се муассисаи таҳсилоти олии касбӣ — Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, шаш коллеҷи фарҳанг, санъат ва хореографӣ, ду мактаб — интернати махсуси соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият доранд, — иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2015 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат се ёдгории бостонӣ бозёфт ва ба қайд гирифта шудааст. Ёдгориҳои мазкур ғайриманқул буда, аз як хумдони сафолпазӣ дар деҳаи Қамбари шаҳри Турсунзода, панҷ ибодатгоҳи исломӣ дар деҳаи Пушёни ноҳияи Восеъ ва як ибодатгоҳи исломӣ дар деҳаи Сиёҳмӯзаи ноҳияи Муъминобод иборат мебошанд.
Дар нишаст доир ба самтҳои дигари фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иттилоъ дода шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
- Соли 2015 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 585 (соли 2014- 19352) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳазору 118-тои он ошкор гардидааст. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 88,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 17 (соли 2014 — 25) гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки дар якҷоягӣ 132 нафар аъзо доштанд, муайян карда шуд. Ин гурӯҳҳои ҷиноӣ дар содир намудани 247 ҷинояти вазнин даст доштанд.
Ҳамзамон 835 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор карда шуд, ки дар натиҷа 247 нафар муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд
Дар давраи ҳисоботӣ 5331 (соли 2014-4465) ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, — гуфт дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал –лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро.
Аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор зиёда аз ду тонна ё 43 фоизашро мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт ва мусодира намудаанд. Дар ин давра 28 ҷиноят бо иштироки 30 нафар вобаста ба қочоқи металлҳо муайян ва ошкор карда шуд, ки аз онҳо ба маблағи беш аз 224 ҳазор сомонӣ сангу металлҳои қиматбаҳо (ёқут ва тилло) мусодира гардид.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ –ҷустуҷӯйӣ ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ як ҳазору 288 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шуд. Миқдори силоҳи аз соли 1994 то инҷониб мусодирагардида 39 ҳазору 39 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон 21 ҳолати ғайриқонунӣ додани таълимоти динӣ ва 207 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмии миёнаи умумӣ муайян ва ошкор гардид.
Аз ҷониби ноболиғон 742 ҷиноят ва аз тарафи ҷавонон 5 ҳазору 840 (соли 2014 — 5 ҳазору 341) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Дар миқёси ҷумҳурӣ 624 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки 106 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Сабаби асосии иҷро нашудани нақша коҳишёбии воридот аст
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти мазкур дар соли 2015 минҷумла иброз дошт, ки тӯли соли гузашта ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии кишвар 4326 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 943 миллион доллари ИМА ё ба андозаи 17,9 фоиз кам буда, воридот 3435 миллион доллари ИМА ва содирот 891 миллион доллари ИМА- ро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли 2014 воридот ба маблағи 863 миллион доллари ИМА ва содирот ба қадри 79 миллион доллари ИМА коҳиш ёфтааст.
Дар ҳаҷми умумии воридот ҳиссаи бештарро маҳсулоти нафтӣ ба андозаи 351,6 миллион доллари ИМА, гандум 244,5 миллион доллари ИМА, гази моеъ 147 миллион доллари ИМА, оксиди алюминий (глинозем) 133,8 миллион доллари ИМА, чӯбу тахта — 129,9 миллион доллари ИМА ва воситаҳои нақлиёти сабукрав 88,2 миллион доллари ИМА ташкил медиҳад.
Нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти молу воситаҳои нақлиёт дар соли 2015 ба андозаи 4 млрд. 100,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ба Буҷети давлатӣ 3617,2 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо дарназардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид намуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 483,4 миллион сомонӣ кам буда, ба 88,2 фоизи нақша баробар мебошад.
Таҳлил ва муқоисаи маълумоти омории мақомоти гумрук дар самти гардиши тиҷорати хориҷӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2015 нишон дод, ки ба иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ асосан коҳишёбии воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт таъсир расонидааст. Чунончӣ, дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 ба сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ воридоти қатораҳо ба миқдори 10345 адад ва воридоти автомашинаҳо ба миқдори 10152 адад коҳиш ёфт.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 воридоти молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 863 миллион доллари ИМА камтар сурат гирифтааст.
Ҳамчунин тағйирёбии нархи молу ашё дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки манбаи асосии ҳисоб намудани маблағи пардохтҳои гумрукӣ мебошад (махсусан паст рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ), коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст (семент, маҳсулоти кишоварзӣ, орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ, тухм, гӯшти мурғ ва ғайра), ноустуворӣ ё ин ки лапишҳои қурби асъори миллӣ нисбат ба дигар асъори хориҷӣ, кам ворид шудани маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ва дар ин замина паст шудани қобилияти харидории мардум ва ғайра ба иҷро гардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расонид.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»
Қобилияти эҷодии ҷавонон баланд мешавад
- Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро баҳри тарбия намудани мутахассисони соҳибкасби соҳа ва баланд бардоштани қобилияти эҷодии онҳо ба роҳ мондааст, — зикр кард дар оғози нишасти матбуотӣ ноиби ректори консерваторияи мазкур оид ба тарбия Бурҳониддин Сайфиддинов.
Мавсуф иштирок ва комёбии донишҷӯёни консерваторияро дар Озмуни байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии академӣ, эстрадӣ ва суннатии «Истеъдод», ки охири моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Тошкант баргузор шуда буд, аз ҷумлаи рӯйдодҳои фараҳбахш номид. Дар ин озмун донишҷӯи курси якуми консерватория Фирдавс Неъматов бо дипломи дараҷаи сеюми бахши иҷрокунандагони мусиқии суннатӣ сазовор гашт. Дар озмуни «Иҷрокунандагони беҳтарин дар соли 2015» бошад, ки аз 24 то 26 декабри соли сипаришуда дар консерватория доир гардид, ба 26 нафар ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ дода шуд.
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов айни ҳол се факултет – иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик, санъати мусиқии эстрада ва 14 кафедра фаъоланд. Теъдоди умумии донишҷӯён 491 нафар буда, 340 нафари онҳо дар шуъбаи рӯзона ва 51 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки маконҳои омодасозии довталабон барои шомил шудан ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов коллеҷҳои фарҳангу санъат ва мактабҳои махсуси мусиқӣ мебошанд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи дониши баъзе аз хатмкунандагони чунин коллеҷу мактабҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Дар ин замина, роҳбарият ва ҳайати устодони Консерватория бо муассисаҳои таълимии мусиқиии кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ монда, баҳри интихоб ва омодасозии кадрҳои соҳаи фарҳанг ва санъат саъю талош менамояд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Солро бо фоида ҷамъбаст карданд
- ҶСК «Тоҷик Эйр» тӯли соли гузашта фаъолияти худро тавсеа дода, бобати иҷрои саривақтии парвозҳо, тақвияти бехатарӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ чораҳои мушаххас амалӣ намуд. Соли сипаришуда ҶСК «Тоҷик Эйр» ба феҳристи ширкатҳое ворид шуд, ки парвозҳояшон бехатар арзёбӣ мешавад, — изҳор доштанд мансубини ширкати мазкур.
ҶСК «Тоҷик Эйр» давоми соли гузашта 3062 парвоз анҷом дода, 311800 нафар мусофир интиқол дод. Дар хатсайрҳои дохилӣ ҳаҷми интиқолот ду баробар афзуда, тавассути ҳавопаймоҳо 39140 нафар мусофир кашонида шуд.
Маълум гардид, ки ҶСК «Тоҷик Эйр» соли гузашта ба буҷети ҷумҳурӣ 26 миллиону 468 ҳазор сомонӣ пардохтҳо анҷом дод. Даромади умумӣ 411 миллион сомонӣ, хароҷоти умумӣ 398,9 миллион сомонӣ ва фоидаи соф 12,1 миллион сомониро ташкил намуд. Қарзҳои кредиторӣ назар ба соли 2014 ба андозаи 209 миллион сомонӣ кам гардида, ба 199,9 миллион сомонӣ баробар шуд.
Даромади умумии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бошад, 292,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 9,9 фоиз бештар мебошад. Соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе татбиқи тарҳи нави ниҳоят муҳими байнидавлатӣ – сохтмони терминали боркашонӣ оғоз гардид, ки аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мазкур доир ба «Беҳтар намудани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» маблағгузорӣ мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин терминали сатҳи ҷаҳонӣ иқтидори боркашонии фурудгоҳи Душанбе бамаротиб афзуда, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди шабакаи васеи хатсайрҳои транзитӣ ва дар ниҳояти кор, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудани ҷумҳурӣ, заминаи хуб фароҳам меояд.
А. МУРОДОВ, «Садои мардум