Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҷабборӣ М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҷабборӣ Марҳабо бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №618
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Худоёрзода Б. Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №619
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳмон Озода Эмомалӣ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №620
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ватанзода М. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №621
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод намудани Шарифӣ А. Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифӣ Азамшо Латифзод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №622
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод намудани Раҳматуллозода Э.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳматуллозода Эркинхон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №623
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин намудани Шарифӣ А. Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифӣ Азамшо Латифзод Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №624
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод намудани Қосимов Э. С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №625
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо озод намудани Солиев Р.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Солиев Рустамҷон Абдуллоевич аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №626
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия таъин намудани Раҳматуллозода Э.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳматуллозода Эркинхон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №627
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) таъин намудани Раҳматуллозода Э.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Раҳматуллозода Эркинхон ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №628
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъин намудани Нозирӣ Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №629
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъин намудани Неъматов М. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016 №630
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №9, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳмон Озода Эмомалӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №10, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хидирзода М.У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хидирзода Махфират Умар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 январи соли 2016 №6, ш. Душанбе
Дар бораи баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011 №250 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»;
«Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»;
- сархати зерин хориҷ карда шавад:
«Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон».
2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 30 майи соли 2015 №363 «Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»;
- аз 21 июли соли 2014 №481 «Дар бораи Холиқов Р. И.».
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №11, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода озод намудани Қосимзода И. Т.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қосимзода Идигул Тағо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №12, ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода И. Т.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қосимзода Идигул Тағо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №136, ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода таъин намудани Раҷабзода М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҷабзода Маҳмадулло ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №146 ш. Душанбе
Дар бораи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Вализода Р.Ф.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
Вализода Рустам Файз муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №15, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озод намудани Холиқов Р.И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Холиқов Рустам Исуфович аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №16, ш. Душанбе
Дар бораи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин намудани Абдуллозода И.Ф.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Исматулло Файзулло Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 январи соли 2016 №17, ш. Душанбе
Дар бораи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» таъин намудани Раҳимов Х.З.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН