27 январи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»
8. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмонов Фатҳиддин Бадриддинович дода мешавад.
Фатҳиддин ИСМОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро баҳри иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2015 таҳти №41274/35, ки бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи қонунгузории ҷорӣ таҳия гардидааст, амали саривақтӣ мешуморад.
Маълум аст, ки имрӯз истифода аз Шабакаи умумиҷаҳонии интернет барои ҳама дастрас буда, аксарият аз он барои гирифтани маълумот истифода менамоянд. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо наврасону ҷавонон бо сабаби беназоратӣ ва риоя накардани меъёри истифодаи Шабакаи умумиҷаҳонии интернет онро ба зарари худ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, назорат аз болои истифодабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз тарафи ноболиғону ҷавонон амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Дар сурати ворид намудани иловаҳо ба банди чоруми моддаи 7 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падар ва модар ҳуқуқ ва имконият пайдо мекунанд, ки маълумоти заруриро оид ба фарзанди худ ҳангоми кор дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дастрас намуда, назорати истифодаи порталҳои шабакаҳои интернетӣ ва дастрасии иттилооти ба ӯ расидаро таъмин намоянд, зеро яке аз сабабҳои ба роҳи нодуруст рафтани ноболиғон ва ҷавонон, ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои экстремистию террористӣ майл пайдо кардану шомил гаштани онҳо истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва гирифтани маълумоти манфӣ ва зараровар мебошад.
Ворид намудани иловаҳо ба моддаи 8-уми қонуни мазкур қобили дастгирӣ буда, падару модарро вазифадор менамояд, ки нисбат ба фаъолияти фарзандон дар истифода аз Шабакаи умумиҷаҳонии интернет назорати доимиро ба роҳ монанд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади аз ҷониби падару модар пурзӯр намудани назорати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз тарафи фарзандон ва ҳуқуқи онҳо ҷиҳати ройгон гирифтани маълумот аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар хусуси истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз тарафи фарзандонашон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 7 ва 8-уми қонуни амалкунанда ворид намудани иловаҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, ба моддаи 7-уми қонуни амалкунанда, ки танзимкунандаи «Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«- аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи фарзанд истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд;».
Инчунин ба моддаи 8-уми қонуни амалкунанда, ки танзимкунандаи «Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд» мебошад, сархати сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«- аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд;».
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 478 аз 11 январи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Датстгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҳамзамон ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 13 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо ҳафт таклиф қабул ва шаш таклифи дигар қабул нашуд.
Кумитаи масъул 19 январи соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонунро такмил дод.
Инчунин, зикр кардан зарур аст, ки 25 январ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров чанд таклифу пешниҳод доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардида буд, ки дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баррасӣ ва қабул шуд. Аз ҷумла, лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии лоиҳаи қонун бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият, аз рӯзҳои аввали он, оид ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия аҳамияти хоса дода, санадҳои байналмилалии вобаста ба ин масъала, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсияро тасдиқ намудааст.
Бо мақсади мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба Конвенсияи мазкур, таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва дуруст ба роҳ мондани мубориза бар зидди коррупсия Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти рақами 1504 тасдиқ гардидааст, аз ҳамин ҷумлаанд.
Инчунин, бораи тақвияти мубориза бар зидди коррупсия дар Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия фаъолият менамояд.
Бо назардошти нукоти зикргардида ва ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва баҳри иҷрои банди 45 — уми Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Вобаста ба ин, ба қисми 1 моддаи 83-юми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати чорум илова карда мешавад. Мақсад аз илова намудани сархати мазкур равона намудани фаъолияти мақомоти андоз бештар ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳа мебошад.
Мутобиқи меъёри мазкур мақомоти андоз вазифадоранд, ки хавфҳои эҳтимолиеро, ки ба содиршавии коррупсия дар мақомоти андоз мусоидат мекунанд, муайян намуда, оид ба барҳамдиҳии онҳо чораандешӣ ва дар марҳилаи аввали содиршавиашон пешгирӣ намоянд.
Самаранок амалӣ намудани меъёри мазкур дар таҷриба ба камшавии кирдорҳои коррупсионӣ оварда мерасонад. Ҳамзамон, хароҷотро дар самти таҳия, тафтиш ва адои ҷазо кам менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда мухолиф набуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.
Толибхон АЗИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 таҳти № 483 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» пешниҳод гардидааст. Масъалаи мазкур, инчунин дар Шӯрои миллии мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 1 моддаи 83 -юми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани сархати чорум пешбинӣ карда шудааст, ки мутобиқи он мақомоти андоз бояд тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро дар мақомот муайян ва баҳри амалӣ намудани онҳо чораҳоро андешад. Сабабҳои пешниҳод гардидани чунин тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омодасозии барномаҳои идоравӣ барои пешгирӣ, муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мегардад.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон се таклиф пешниҳод намуданд.
21 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 1 -тоаш қисман қабул ва 2 — тоаш қабул нагардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва баҳри иҷрои банди 45 — уми Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» таҳия гардидааст.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вогузор мегардад.
Вобаста ба ин, ба моддаи 3 — юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сархати чорум илова карда мешавад.
Мақсад аз илова намудани сархати мазкур равона намудани фаъолияти Агентӣ бештар ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳа мебошад.
Самаранок амалӣ намудани меъёри мазкур дар таҷриба ба камшавии кирдорҳои коррупсионӣ оварда мерасонад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда мухолиф набуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.
Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади муқаррар кардани яке аз вазифаҳо ва самти асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия, алалхусус, иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа – коррупсия равона гардида, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт таклиф пешниҳод гардид, ки чор таклиф қабул ва се таклиф қисман қабул карда шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 19 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, яке аз хатарҳое, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад.
Ҷиҳати мубориза бар зидди ин амали номатлуб заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё гардонда шудааст. Аммо барои паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ иштироки боз ҳам фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт амри зарурист. Ба ин мақсад ҷалби бештари роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ саривақтӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш дорем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва баҳри иҷрои банди 45 — уми Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» таҳия гардидааст.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба вазифаҳои асосии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти амнияти миллӣ вогузор мегардад.
Вобаста ба ин, ба моддаи 11 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сархати шашум илова карда мешавад.
Мақсад аз илова намудани сархати мазкур равона намудани фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ бештар ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳа мебошад.
Самаранок амалӣ намудани меъёри мазкур дар таҷриба ба камшавии кирдорҳои коррупсионӣ оварда мерасонад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда мухолиф набуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.
Рустам ҚУДРАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 таҳти № 475 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор таклиф пешниҳод гардид, ки се таклиф қабул ва як таклиф қисман қабул карда шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 19 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, ҳамаи таклифу пешниҳодҳоро қобили қабул донистанд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба вазифаҳои асосии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вогузор мегардад. Вобаста ба ин ба моддаи 4- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» сархати сеюм илова карда мешавад.
Мақсад аз илова намудани сархати мазкур равона намудани фаъолияти вазорат бештар ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳа мебошад.
Самаранок амалӣ намудани меъёри мазкур дар таҷриба ба камшавии кирдорҳои коррупсионӣ оварда мерасонад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда мухолиф набуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: -Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.
Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 таҳти № 482 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади иҷрои Протоколи чаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ таклиф пешниҳод гардид, ки се таклиф қабул ва ду таклиф қисман қабул карда шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 19 январи соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва баҳри иҷрои банди 45 — уми Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» таҳия гардидааст.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаи маориф вогузор мегардад.
Вобаста ба ин, ба моддаи 33 — юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сархати бисту шашум илова карда мешавад.
Мақсад аз илова намудани сархати мазкур равона намудани фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бештар ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳа мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда мухолиф набуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.
Нурулло ОҚИЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаи маориф пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 таҳти №477 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили он нуҳ таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо чортоаш қабул ва яктоаш қисман қабул ва чортои дигараш қабул нашуд.
19 январи соли 2016 Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кард.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Дар робита ба ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»- ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» сухан ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дода мешавад.
АБДУЛЛОЗОДА Аҳтам Рустам: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, самтҳои муҳими танзими соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар бар мегирад. Аз ҷумла, тағйироти ба қисмҳои 1, 2, 4 ва 7- уми лоиҳаи қонуни мазкур ворид- гардида имконият медиҳанд, ки истилоҳоти варзишӣ дар санадҳои қонунгузорӣ дурусту фаҳмо дарҷ карда шаванд.
Барои татбиқи тайёрии варзишӣ дар баробари стандартҳои давлатӣ барномаҳои тайёрии варзишӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа доранд ва бе онҳо омода намудани варзишгари касбӣ ғайриимкон аст. Бо назардошти ин муҳимият масъалаҳои мазкур дар қисмҳои 1, 3 ва 6 — уми лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
Аз таҷриба ва таҳлили соҳа маълум мегардад, ки барномаҳои тайёрии варзишӣ оид ба намудҳои варзиш шакли ягонаи санади танзимкунандаи таълимии соҳа буда, он танҳо бо пешниҳоди муассисаҳои варзишӣ ва федератсияи варзишӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
Аз ин рӯ, минбаъд муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар таҳияи он ваколатдор хоҳанд буд ва тасдиқ низ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Ба ғайр аз ин, дар қисми 3 — юми лоиҳаи қонун зинаҳои тайёрии варзишӣ бо назардошти таҷрибаи омодагии варзишӣ дуруст нишон дода шудаанд, ки оянда ба татбиқи муназзами зинаҳои тайёрӣ ва касбияти варзишгарон мусоидат менамоянд.
Хоҳишмандем, ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.
МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили санадҳои қонунгузории соҳа пешниҳод гардидааст.
Инчунин, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур заминаҳои зарурӣ барои тайёрии варзишгарон тавассути барномаҳои давлатӣ фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли федератсияҳои варзишӣ дар таҳия ва амалисозии чунин барномаҳо тақвият дода мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 таҳти №481 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ирсол шуда буд. Аз рӯи масъалаи мазкур 19 январи соли 2016 ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баргузор гардид. Дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба лоиҳаи қонуни мазкур нуҳ таклифу пешниҳод манзур гардид, ки ҳафт пешниҳод қабул ва ду пешниҳод бинобар сабабҳои муайян қабул нагардид.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар мувофиқат намуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Хоҳишмандем, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.
Хайрулло АСОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ наёфтааст ва бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2015 таҳти №452 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуда буд, пешниҳод мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 11 январи соли 2016 баррасӣ карда шуд.
Тибқи банди 366- уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қонуни ҷонибдоринашудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандҳои 9 ва 13 хориҷ карда шуданд.
Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 5 калимаҳои «моликияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «ба моликияти коммуналӣ тааллуқ доранд» иваз карда шуданд.
Аз қисми 2 моддаи 20 калимаи «мақомоти» хориҷ карда шуд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тағйироти ба қонуни мазкур иловашударо ҷонибдорӣ намоед.
Қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ