Ҳашари ниҳолшинонӣ
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов аз обу ҳавои мусоиди рӯзҳои охир самаранок истифода бурда, бо баргузор намудани ҳашар дар ҳудуди ин муассисаи таълимӣ 350 бех ниҳоли дарахтони ороишиву мевадиҳанда, аз қабили сӯзанбарг, тут, себ анор ва шафтолу шинониданд.
Ноҳия худкифо шуд
ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Нақшаи солонаи ҷамъоварии андозҳо дар ноҳия 123 фоиз иҷро гардид. Ин нишондод миёни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баландтарин аст. Иҷрои барзиёди нақшаи андозҳо имкон фароҳам овард, ки ноҳия бидуни дотатсияи давлатӣ фаъолият карда, маоши тамоми кормандони идораҳои буҷетӣ ва нафақагиронро аз ҳисоби даромади корхонаҳои саноатии хеш пардохт намояд. Фаъол гардидани корхонаҳои саноатӣ ин ноҳияи дурдасти кӯҳистонро ба худтаъминкунии пурраи молӣ оварда расонд.
Дастгирии донишҷӯёни ятиму бепарастор
ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Тибқи фармоиши Анвар Мақсудов — ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюб ва онҳое, ки бо Квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, аз кумакпулии якдафъаина бархӯрдор гардиданд.
Бино ба иттилои раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Аюбҷон Усмонов, маблағи кумакпулӣ ба ҳар донишҷӯи ятиму бепарастор ва маъюб 1500 сомонӣ, падар ё модарнадошта 1000 сомонӣ ва донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда 165 сомониро ташкил дод.
Техникаҳои роҳсозӣ барои Водии Бартанг
РӮШОН. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Тавре аз Муассисаи давлатии «Бадахшонроҳ» иттилоъ доданд, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар водии Бартанги ноҳия чор адад техникаи нави роҳтозакунӣ аз Федератсияи Русия харидорӣ ва ба ВМКБ дастрас карда шуд. Барои роҳҳои мошингарди мавзеи Чадуди деҳоти «Басид», ки дар натиҷаи ҷунбиши қишри замин ва лағжиши сангу рег ҳар лаҳза баста мегарданд, ду адад техника ҷудо гардид.
Вохӯрии муфид
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Вохӯрии раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ бо намояндагони деҳоти «Ҷафр» дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ ҳисоботи раиси деҳоти номбурда барои соли 2015 шунида шуд.
Сипас, Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ дар назди ҳозирин оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифаҳои сокинони деҳот дар соли равон суханронӣ кард. Дар вохӯрӣ сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзида, ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ посух доданд.
Муассисаи таълимии нав
ЁВОН. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар деҳаи «Навобод»-и ноҳия бо маблағгузории Ҳукумати Япония муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд, ки он аз ҳашт синфхона, хонаи омӯзгорон ва китобхона иборат буда, барои 200 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дар доираи лоиҳаи «Барномаи кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ» (GGP) бо харҷи 92 ҳазор доллари ИМА сохта шудааст. Дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ намояндаи Сафорати Япония дар Тоҷикистон, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, падару модарон ва хонандагон ширкат доштанд.
Осорхона — рӯшангари таърихи диёр
ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба нақша гирифтааст, ки то рӯзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дари осорхонаро, ки рӯшангари таърихи диёр аст, ба рӯи сокинони ноҳия ва меҳмонон боз намояд. Барои осорхона бино ва таҷҳизоти зарурӣ ҷудо гардид ва як миқдор нигораҳое, ки ба ҳаёти халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ мансубият дорад, супорида шуд. Масъулини ноҳия бо мақсади ҷамъоварии нигораҳо ва пурра гардонидани осорхонаи навтаъсис ба сокинони ноҳия муроҷиат кардаанд, ки дастгирии худро дареғ надоранд.
Бунёди зеристгоҳи калони барқӣ
ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ноҳия бунёди зеристгоҳи нави барқӣ, ки калонтарину пуриқтидортарин дар вилояти Хатлон ҳисоб меёбад, босуръат идома дорад. Зеристгоҳи нав «Геран-2» ном дошта, иқтидораш 220/110/10 кв аст. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин зеристгоҳи нав шароит фароҳам меояд, ки якчанд ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав бо барқ беҳтару хубтар таъмин шаванд. Ҳамчунин зеристгоҳи нав шароити мусоидеро барои содироти неруи барқ ба ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи барномаи «CASA-1000» фароҳам меорад.
Дар назар аст, ки зеристгоҳи мазкур моҳи апрели соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91