Кумаки Арабистони Саудӣ ба Бадахшон

№14 (3494) 02.02.2016

Маркази хайриявӣ ва ёрии башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумаки моддӣ расонид.

Бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед намояндагони ин созмони хайриявӣ ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои зарардида  боздид намуда, дар деҳаи Ғудараи деҳоти «Бартанг» бо мардум мулоқот оростанд. Тавре зикр гардид, ба ҳамаи осебдидагон барои се моҳ маҳсулоти озуқа, аз қабили равғану шакар, биринҷу орд, макарону намак кумак расонда хоҳад шуд. Дар баробари ин, ба ҳар як хонавода 900 килограмм ангишт, як гармкунаки аловӣ ва кӯрпаҳои нарму гарм низ дастрас карда мешавад.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамчунин бо оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Барсеми деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон шинос шуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода хавфи зери об мондани неругоҳи барқи обии «Помир 1»-ро аз баландшавии  сатҳи оби кӯли сунъии дар натиҷаи фаромадани сел бавуҷудомада ба намояндагони маркази хайриявии Шоҳ Салмон шарҳ дода, иброз дошт, ки неругоҳи мазкур 70 фоизи муштариёни ширкати барқи «Помир энерҷи»-ро бо барқ таъмин мекунад.

Ҳайати гурӯҳи корӣ бо вазъи роҳи навбунёде, ки тобистони соли 2015 дар натиҷаи офати табиӣ хароб гардида буд, шинос шуда, қарор доданд, ки дар сурати дарёфти маблағ он қисмати роҳро болопӯш намоянд, то ки аз хавфи фаромадани тарма ва сел эмин бошад.

Сипас, гурӯҳи корӣ аз мавзеи бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор»-и ноҳияи Роштқалъа дидан кард. Усмоналӣ Усмонзода зарурати бунёди неругоҳро ба намояндагони фонди хайриявии Шоҳ Салмон фаҳмонда, изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал неругоҳ 170 ҳазор ва дар марҳилаи дуюм 220 ҳазор нафар муштариро бо неруи барқ таъмин хоҳад намуд.

Далер Ҷумъаев — директори генералии Ширкати барқи «Помир энерҷӣ», ҳангоми муаррифии лоиҳаи неругоҳ зикр кард, ки аз таҳдиди офатҳои табиӣ мавзеи бунёди неругоҳ бехатар мебошад. Дарозии канали неругоҳ се километр буда, аз даруни кӯҳ мегузарад.

Пас аз боздиди макони бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Рӯшон омада, анборхонаҳоеро, ки дар онҳо кумаки дастраскардашуда нигоҳдорӣ мешаванд, аз назар гузаронида, арз доштанд, ки марҳилаи дуюми кумаки моддиро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба зарардидагон дастрас хоҳанд кард.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»