Соли 2015 барои сокинони ноҳияи мо соли дастоварду комёбиҳо буд,- гуфт ба рӯзноманигорон раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода.
- Зикр шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ба буҷети ноҳия 959 ҳазору 968 сомонӣ зиёдтар маблағ дохил гардидааст.
Кишоварзони ноҳия соли 2015 аз ҳисоби васеъ кардани майдони кишт ва интихоби тухмии хушсифат истеҳсоли картошкаро ба 13 ҳазору 230 тонна расониданд.
Занбӯриасалпарварони ноҳия дар ин давра 119 тонна асали хушсифат истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2014 ду тонна зиёд мебошад. Дар ноҳия 12 гектар боғи нав бунёд гардида, 24 нафар соҳиби ҷои кор шуданд.
Бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки ба истеҳсолот машғуланд, аз тарафи филиалҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳои дар ноҳия фаъолиятдошта 5 339 938 сомонӣ қарз дода шудааст.
Соли сипаришуда корхонаҳои истеҳсоли хишт дар деҳоти Сафедчашма ба иқтидори 354 150 дона хишт дар мавсим бо 22 ҷои корӣ, «Хишти Ёнур» дар деҳаи Лаби ҷари деҳоти «Хумдон» бо иқтидори 729 120 дона хишт ва 32 ҷои корӣ, корхонаи орд дар деҳаи Чорсада бо иқтидори 50 тонна ва 35 ҷои корӣ, корхонаи асфалтбарорӣ дар деҳаи Сари пули деҳоти «Комсомолобод» бо иқтидори 360 тонна ва 28 ҷои корӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ бо 18 ҷои корӣ фаъолияти хуб доштанд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»