Сиюми апрели соли 2013 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хати худгарди системаи сабти номи мусофирон роҳандозӣ шуд. Тавре пештар хабар дода будем, нимаи дуюми соли 2012 системаи нави сабти номи мусофирон мутобиқи талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) насб карда шуд. Системаи нави сабти ном аз ду таҷҳизоти пуриқтидори Рапискан ва тасмаҳои худгард иборат буда, тамоми раванди кор автоматӣ аст.
Бағоҷи мусофир аз нуқтаи «А» то нуқтаи «Б» тариқи дастгоҳҳои назоратӣ мавриди таҳқиқ ва санҷиш қарор гирифта, ҳаракат мекунад. Дар сурати пайдо гардидани шубҳа бағоҷ ба таҷҳизоти назоратии қавӣ меравад, сипас ба мавзеи назорати дастӣ интиқол меёбад ва бағоҷи шубҳанок дар ҳузури соҳиби бағоҷ, намояндагони фурудгоҳ ва корманди хадамоти гумрук аз назар гузаронида мешавад.
Барои назорат ва роҳандозӣ намудани системаи мазкур, ки хеле мураккаб аст, ҷониби ширкати Рапискан ба кормандони фурудгоҳ ва гумрукчиён курсҳои омӯзишӣ ташкил намуд.
Зимни оғози фаъолияти системаи нав намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШКД назди фурудгоҳ ва Сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистони раванди кори онро назорат намуданд.
Бо роҳандозӣ шудани хати худгард ва назорати автоматӣ мушкили мусофирон ва кормандони гумруки фурудгоҳ хело осон гардида, амнияти парвозҳо таъмин мешавад.
Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»