Нисбат ба чанд соли қабл, имсол дар ҳудуди Федератсияи Россия нархи иҷозаи кор ва патент то андозае гарон шудааст, ки аз он муҳоҷирон изҳори нигаронӣ мекунанд. Вячеслав Поставнин роҳбари Бунёди «Миграция XXI века» доир ба қонунҳои нави Федератсияи Россия мегӯяд, ки қонуни феълӣ аз ҷиҳати идеологӣ бад нест. Қонуни қаблӣ низ бад набуд, аммо иҷрояш қаноатбахш набуд. Қонуни нав низ ба ҳамин мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Мушкили асосии қонуни нав ин гаронии дастрасӣ ба бозори кор аст. «Бояд қимати патент дар сатҳи қаблӣ 1,5 ҳазор рубл боқӣ мемонд. Бояд ҳар чӣ бештар муҳоҷиронро ба расмият медароварданд, онҳоро аз ҷиҳати даромадашон дақиқ мекарданд, баъдан вобаста ба маоши онҳо нархи патентро барои ҳар як қишр дар алоҳидагӣ муқаррар менамуданд. Бар замми баъзе мушкилот, ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Федератсияи Россия нархи иҷозаи корро боло мебаранд», — таъкид намудааст номбурда.
Мувофиқи маълумотҳо, ба ҳисоби миёна дар соли 2016 нархи патент дар баъзе вилоятҳои Федератсияи Россия то 200 фоиз боло хоҳад рафт.
Аз рӯи бардоштҳои мо, 50 фоизи муҳоҷироне, ки ҳоло дар Перм ҳастанд, шояд дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор дошта бошанд. Онҳо ё дар ҳисоби муҳоҷират нестанд ва ё ягон ҳуҷҷаташон ба қонунҳои нави муҳоҷират мутобиқат намекунад», — мегӯяд узви палатаи ҷамъиятии вилояти Перм Раҳматулло Мазориев.
Муҳоҷир баъд аз дарёфти патент аз як корхона гувоҳномаи кор мегирад ва онро ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия месупорад. Баъд аз муддате кораш дар ин корхона ба поён мерасад. Ба корхонаи дигар меравад ва аз он корхона гувоҳномаи нав намегирад. Вале дар Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ҳамон гувоҳномаи куҳна боқӣ мемонад ва гӯё муҳоҷир ҳамоно дар корхонаи куҳна кор мекунад ва гувоҳномааш эътибор дорад. Дар нахустин тафтиш чунин қонуншиканӣ ва ҳолати ғайриқонунии муҳоҷир ифшо мешавад. Ӯро ҷарима мекунанд ва ё дар сурати такрори чунин ҳолат аз Федератсияи Россия берун карда мешавад. дар сурати ғайриқонунӣ ихроҷ намудани муҳоҷирони тоҷик аз Федератсияи Россия аксари муҳоҷирони тоҷик ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат мекунанд.
Давоми соли 2015 маблағи 50 млн. 734 ҳазор 682 рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён пардохт карда шудааст. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия соли 2015 — ум 48 қарори судҳои ноҳиявӣ бо қарори суди болоӣ бекор карда, 352 парванда дар ҳолати баррасии судҳои болоии шаҳри Москва ва вилояти Москва қарор дорад.
Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбеков аз ин хусус чунин ибрози андеша намуд:
- Аз ҷониби гурӯҳи коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, мутобиқи муқаррарот, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои панҷ категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст, баррасӣ шуд. Баъди баррасии аризаҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ба 1444 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати дубора ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия дода шуд.
Мувофиқи омори расмӣ, то кунун танҳо дар шаҳри Москва зиёда аз 400 ҳазор муҳоҷири корӣ иҷозаи кор дарёфт кардаанд.
Фирӯз Абдуллоев, муҳоҷири тоҷик қайд намуд, ки сабаби аслии хориҷ намудани муҳоҷирони корӣ аз худи онҳо вобаста аст. Бархе аз муҳоҷирон дар Федератсияи Россия умуман аз расмиёт намегузаранд. Баъзеи дигар дар аввал ҳуҷҷати семоҳа мегиранду патентро намесупоранд ё ин ки ҳамон ҳуҷҷатҳоро ба воситаи ягон шиносашон омода месозанд, ки аксарашон қалбакианд ва дар вақти бозгашт аз ҷониби ниҳодҳои муваззафшуда ошкор мешаваду вуруди онҳоро ба Федератсияи Россия барои муддате қатъ мекунанд.
Ду сол қабл муҳоҷирони тоҷик аз Федератсияи Россия 4 миллиард доллари ИМА интиқол намуданд. Ин рақам ҳоло қариб 40 фоиз коҳиш ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки чораҳои татбиқшуда ҷиҳати расмикунонии будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони кишвар дар Федератсияи Россия натиҷаҳои мусбат дода истодааст. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия, дар нуҳ моҳи соли 2015 зиёда аз 400 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатиро расман дар асоси патент ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум даҳ фоиз зиёд мебошад.
Таҳқиқоти муфассали СММ дар моҳи январи соли ҷорӣ муайян намуд, ки дар соли 2015- ум 244 млн. нафар муҳоҷир шудаанд, ки аз ин шумора ҳамагӣ 20 млн. нафар гурезаи давлатҳои ноамнанду боқимонда муҳоҷири меҳнатӣ.
Муҳоҷирон дар ҳар давру замон буданд, имрӯз низ ҳастанд ва дар оянда низ боқӣ мемонанд. Дар аввалҳои асри XX танҳо мардуми Африка қишри муҳоҷирони кориро ташкил медод, ки шароити бисёр вазнин доштанду мақсади муҳоҷиршавии онҳо фақат зинда мондан буд. Аммо имрӯз ин омил дигар шудааст ва ҳатто аз ИМА, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Федератсияи Россия, Франсия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Англия барин кишварҳои пешрафтаю абарқудрат аҳолиаш азми муҳоҷирати меҳнатӣ менамоянд.
Ҳасан ШОКИРЗОДА