Аз фаъолияти шаҳрдорӣ

Барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат муқаррар шуд

№19 - 20 (3449 - 3500) 13.02.2016

Хукумати шахри ДушанбеҲаштуми феврали  соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  корӣ оид ба баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр бо иштироки муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва муовинони онҳо,  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини сохторҳо, раёсату шуъбаҳо, бахшҳои соҳаи иҷтимоии шаҳрию ноҳиявӣ, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва сардорони муассисаҳои раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар он раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба сафарбар кардани зарфиятҳои мавҷуда оид ба татбиқи нақшаву барномаҳои вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи сазовори 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, дар корҳои ободонию сабзу хуррамгардонӣ дар таносуби маҳаллаву шаҳракҳо, корхонаву идораҳо, боғҳову гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ҷалб намуда, дастур дод, ки бо мусоид омадани боду ҳаво нисбат ба шинонидани гулу бутта, дарахтони ороишӣ ва нигоҳубини онҳо чораҳои муассир андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки масъалаи пурзӯр кардани назорати ҳолати санитарию эпидемиологии шаҳр аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ масъулияти бештарро тақозо дошта, татбиқи чораҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузорӣ нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе баҳри риояи фарҳангу одоби шаҳрнишинӣ ва расидан ба қадри  меҳнати кормандони муассисаҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ногузир мебошад.

Бо мақсади дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани шаҳр ва таъмини навбатдории доимӣ дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, реҷаи барориши партовҳои сахти маишӣ аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маҳаллаю шаҳракҳо ва насби камераҳои мушоҳидавӣ дар онҳо аз ҷониби раисони ноҳияҳо ба сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ноҳиявии он барои ислоҳи вазъ ва тавсеаву тақвияти фаъолияташон то 1 апрели соли ҷорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев муҳлат муқаррар намуд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки нисбат ба хилофкорони риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда бобати манъ намудани парваришу нигоҳдошти чорвои калон дар ҳудуди пойтахт аз ҷониби сохторҳои масъули шаҳрӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо амалисозии корҳои пешгирикунанда чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Бо дахли масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳо ва бештар ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани мутахассисони ҷавону лаёқатманд дар ҳама соҳаи хоҷагидории шаҳр ба масъулин супоришҳои мушаххас  дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар соҳаи тандурустии шаҳр нисбат ба роҳбарони ба синни нафақарасида то 15 феврали соли ҷорӣ тадбирҳои ташкилӣ амалӣ шаванд.

Дар ҷаласа масъалаи ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бе миёнаравҳо аз ҷониби роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусӣ баҳри пешгирӣ намудани болоравии бепояву стихиявии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ворид намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ  мавриди таваҷҷуҳи хосаи раиси шаҳр қарор гирифт. Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дастурҳои мушаххас масъулинро вазифадор ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат» Давлат Саидовро аз вазифа сабукдӯш намуд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба мақсадноку аз рӯи таъинот  истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар заминаи онҳо, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, таъсис додани ҷойҳои корӣ, пешгирии қонуншиканиҳо оид ба  истифодаи  замин дар шаҳр ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар ин самт ва вусъатбахшии корҳои оммавӣ алайҳи тамоюлҳои номатлуби ифротгаройӣ дар ҷомеа масъалагузорӣ намуда, ҷиҳати танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва хизматрасонии босифати нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ба фаъолияти анҷомдодаи масъулин эрод гирифт.

Дар интиҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба барномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ки баҳри боз ҳам ободу дилрабо намудани шаҳри Душанбе нигаронида шудаанд, иттилоъ дод. Аз ҷумла мутобиқ ба он, дар замини собиқ мошинбозор бунёди варзишгоҳи муосири футбол бо 25 ҳазор ҷойи нишаст, таҷдиди боғи «Дӯстии халқҳо» бо бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият», ки ҳудуди мавҷудаи марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер» — ро фаро хоҳад гирифт, кӯчонидани Боғи ҳайвонот ба қисмати шарқии шаҳр  бо инобати бунёди Боғи ҳайвонот аз рӯи усули «Сафари», Маҷмааи «Меҳри модар» бо муассисаи муосири томактабӣ дар масоҳати 2,5 гектар дар маҳаллаи Зарафшон, мактаби зеҳнӣ дар шаҳраки Академикҳо ва  бунёди боғҳои нави замонавӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Ш. САИДОВ