Эмомалӣ Раҳмон -бунёдгузори низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол

№19 - 20 (3449 - 3500) 13.02.2016

Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаи давлати устувору соҳибис­тиқлол доштани Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии конститутсионӣ мебошад. Шаклу сохтори сиёсии ҳар давлат, арзишҳои меҳварии ҳар ҷомеа ва сатҳи тараққиёти ҳар низоми сиёсиро маҳз аз моҳияти Конститутсияи он муайян мекунанд. Яъне, Конститутсия шиносномаи ҳар миллат ва ҳуҷҷати муаррификунандаи моҳияту ҳувияти ҳар давлат мебошад.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдори худро дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони муътабари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил аст. Он меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низоми демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад. Ин аст, ки мо дар арсаи байналмилалӣ бо ин пояи устувори давлатдорӣ — Конститутсияи мукаммали худ ифтихор менамоем.

Аммо барои соҳиб шудан ба ин шиносномаи пурифтихор миллат ва давлати мо роҳи басе душвор ва печидаро пушти сар гузошт, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар сафи пеши ин талошу муборизаи таърихии миллат Пешвои номвари он, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон меистод. Шахсе, ки бо ҷонбозиҳои худ халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ ва давлати соҳибистиқлол намуд.

Корномаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳуми конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт. Ба ибораи дигар, қонунписандӣ ва конститутсионализм аз ибтидо меҳвари тафаккури сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медоданд, ки батадриҷ ба мазмуни фаъолият ва мактаби сиёсӣ табдил ёфтанд. Ин аст, ки дар таърихи давлатдории навини мо номи Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳумҳои усулие чун волоияти қонун, ҳукумати қонунӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ пайванди амиқ дорад.

Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар волоияти қонун ва иҷрои қатъии меъёрҳои конститутсионӣ бесабаб набуд. Ӯ дар замоне ба сари давлат омад, ки Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ба як санади бетаъсир, балки ба бозичаи дасти гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ табдил ёфта буд. Қариб дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон чанд банди Конститутсия ба манфиати ин ё он гурӯҳ тағйир дода мешуд. Танҳо дар давоми соли 1992 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе устувории Конститутсия таъмини устувории раванди сиёсӣ ва пойдории давлат номумкин аст. Роҳбари давлат дар робита ба ин гуфта буд: «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад». Аз ин сабаб, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сиёсӣ ва давлатии худро маҳз аз омода намудани лоиҳаи Конститутсия оғоз намуд.

Талош ва ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон барои таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фаъолияти минбаъда барои такмил ва татбиқи амалии ин санади таърихӣ як корномаи бузург аст. Танҳо ҳамин хизмати Ҷаноби Олӣ кофист, ки ӯро ҳамчун поягузори ҳуқуқи давлати навини тоҷикон эътироф намоем.

Барои дарки дурусти ин корномаи таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба чор ҷанбаи асосии фаъолият дар ин самт хеле муҳим аст:

Ҷанбаи якум, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол. Нуктаи муҳим дар ин самт он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раванди таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли бисёр шаффоф ва демократӣ ба роҳ монд. Мувофиқи Конститутсияи амалкунандаи то соли 1994, Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳуқуқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро доро буд, вале Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили таҳия ва муҳокимаи умумихалқии Конститутсия ва қабули он ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ — референдум таъкид намуд. Барои шаффоф ва демократӣ  идома ёфтани ин раванд, бо дастури ӯ се гурӯҳи мустақили корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфт. Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ин равандро зери назорат гирифта, пайваста таъкид менамуд, ки дар Конститутсияи нав бояд пешниҳоди мардум ва орзуву омоли ҳар як қишри ҷомеаи кишвар ба назар гирифта шавад. Қобили зикр аст, ки аз тарафи мардум ба гурӯҳҳои корӣ беш аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳод расида буд, ки баёнгари иштироки фаъоли оммаи халқ дар ин раванди сарнавиштсоз аст. Пешвои миллат ин лаҳзаҳои таърихиро баъдан дар суханрониҳои худ чунин ёдоварӣ намудаанд: «Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».

 

 

Дар натиҷа, маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, нақши мардум дар ин раванд ба нақши марказӣ ва муайянкунанда табдил ёфт ва бори аввал ба маънои томи ин ибора «конститутсияи мардумӣ» таҳия ва қабул шуд. Моҳияти комилан халқӣ будани ин санад, пеш аз ҳама, дар он ифода меёфт, ки матни он аз муҳокимаи васеи умумихалқӣ гузашт, дар он маҳз халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият эътироф гашт ва салоҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз парламент бевосита ба ихтиёри худи халқ гузошта шуд. Яъне, ба ин восита, Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти Конститутсияро ба ихтиёри соҳиби асосии давлат, — халқи Тоҷикистон вогузор намуд.

Дар ҷараёни таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои корӣ бояд таҷрибаи беҳтарини ҷаҳониро дар самти конститутсионализм омӯхта, аз дастовардҳои олитарини башарӣ истифода мебурданд. Роҳбари давлат мехост, ки хусусан, дар боби сохтори давлатӣ, фаъолияти шохаҳои ҳокимият, ташаккули институтҳои асосии давлатдорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ҳамрадифи конститутсияҳои давлатҳои пешрафтатарини ҷаҳон бошад. Илова бар ин, беҳтарин мутахассисони сатҳи байналмилалӣ низ ба кори арзёбӣ ва экспертизаи ин санад ҷалб карда шуданд. Ин буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз беҳтарин дастовардҳои башарӣ дар ин соҳа таҳия гашт.

Ҷанбаи дуюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Аъзои гурӯҳҳои кории таҳияи матни Конститутсия дар ёддоштҳои худ хотирнишон кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат дар шаклгирии мазмун ва меъёрҳои усулии Конститутсия саҳми таърихӣ дошт. Агарчӣ бисёре аз аъзои гурӯҳ ходимони собиқадори давлатӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи сиёсат ва ҳуқуқ буданд, зимни нишастҳои корӣ Эмомалӣ Раҳмон идеяҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва механизмҳоеро пешниҳод мекард, ки бо дурандешона ва воқеъбинона будани худ фарқ мекарданд. Масалан, матни моддаи якуми Конститутсия, ки тамоми мазмун ва моҳияти давлатдории миллии моро ифода мекунад, бевосита аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронии Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихобаш ба ҳайси Роҳбари Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд садо дода буданд. Маҳз дар он лаҳзаи таърихӣ бо қатъият эълон карда буд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Имрӯз, бо гузашти замон дармеёбем, ки интихоби ин меъёрҳо ва ин модели давлатӣ то чӣ андоза дуруст, муҳим ва барои миллат ва давлати мо сарнавиштсоз будааст.

Яке аз меъёрҳои бунёдии дигаре, ки дар раванди таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, дар сатҳи Конститутсия ҳифз шудани моҳияти иҷтимоии давлат буд. Зеро ҳамчун намояндаи мардум аз вазъияти зиндагии халқ ба хубӣ огоҳ буд ва хуб медонист, ки гузариши якбора аз модели давлати иҷтимоӣ ба модели давлати сармоядорию либералӣ боиси қашшоқии мардум, бисёр сангин шудани вазъи иҷтимоии халқ ва якбора ба қафо рафтани сатҳи иқтисодиву фарҳангии кишвар мегардад. Аз ин ҷост, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии давлат, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи мафҳуми «давлати иҷтимоӣ» ҳуқуқҳои бунёдии аҳолӣ барои дастрасӣ ба таҳсил, хизматрасонии тиббии ройгон, ҳимояи иҷтимоии қишрҳои осебпазир ва ғайра ҳифз шудааст. Ин нукта низ мавқеи халқпарварона ва мардумдӯстона доштани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба таври равшан нишон медиҳад.

Ҷанбаи сеюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми реформаи конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар.

Моҳияти ин ҷанба дар он аст, ки пас аз қабули Конститутсияи нав бо таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд иморати ҳуқуқии кишвар ба низоми ҳуқуқии давлати мустақили миллӣ табдил дода мешуд. Ин вазифаи ниҳоят мушкил ва кори ҳаҷман бузурге буд, ки дар таърихи давлатҳои мутамаддин маъмулан чанд даҳсола ва ҳатто садсоларо дар бар мегирад. Аммо таърих барои мо фурсати кӯтоҳ дода буд ва ин кор бояд ба зудӣ анҷом меёфт.

Ҳамин тавр, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Конститутсияи навини миллӣ ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ сурат гирифт. Тавре ҳамагон шоҳидем, дар як давраи кӯтоҳ, дар заминаи Конститутсияи кишвар 16 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, 14 қонуни авф, 18 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, 313 қонуни соҳавӣ ва беш аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат қабул шуд. Дар ин миён се кодекс ва 61 санади меъёрии дигар вазифаҳои давравии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шуд. Ба ин восита, модели давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия қабул шуда буд, дар низоми қонунгузории кишвар пурра татбиқ гардид.

Чун ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имзои Роҳбари давлат гузошта мешавад, аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври табиӣ тарроҳи низоми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Аммо таҷрибаи ин давра нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ камтар набудааст ва ӯ бо ташаббус, пешниҳод, эрод, идеяҳои сершумор дар раванди такмили қонунгузорӣ ширкат варзида, барои ҳимояи манфиатҳои мардум дар қонунгузории кишвар саҳмгузорӣ намудааст.

Ҳамин тавр, зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як раванди бисёр муҳим ва мураккаби таърихӣ, яъне ислоҳоти амиқи конститутсионӣ ва миллишавии низоми ҳуқуқии кишвар ба пуррагӣ анҷом ёфт. Бо ин хидмати бузурги таърихии худ Эмомалӣ Раҳмон ба давлатдории миллии мо моҳият ва ҳастии ҳуқуқӣ бахшида, шакли ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун кишвари аз назари ҳуқуқӣ мустақил ба вуҷуд овард.

Ҷанбаи чорум, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Моҳияти ин самти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода меёбад, ки дар таърихи давлатдории миллии мо на танҳо ҳамчун ташаббускори қабули  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ба унвони татбиқкунандаи амалии ин санади таърихӣ низ шинохта мешавад. Албатта, қабули чунин Конститутсияи мукаммал кори осон набуд, аммо дар амал татбиқ кардани он вазифаи боз ҳам душвортар буд.

Дар ин самт дар пешорӯи Эмомалӣ Раҳмон чанд мушкили ҷиддӣ меистод. Аввалан, солҳои аввали татбиқи Конститутсия дар шароити мураккаби сиёсию низомӣ сурат гирифт, яъне дар кишвар низоъҳои дохилӣ давом доштанд. Дар чунин шароит, раванди татбиқи амалии сохтори давлати миллии тоҷикон бояд ҳамзамон бо анҷоми музокироти бисёр печида барои дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ идома меёфт. Аз тарафи дигар, элитаи сиёсӣ ва идории кишвар, ки асосан дар шароити ҷомеаи Шӯравӣ ташаккул ёфта буд, дар татбиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ таҷрибаи амалӣ надошт. Бинобар ин, баъзан ташаббусҳои пешқадами Роҳбари давлат дар дохили элитаи сиёсӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешуд. Душвории дигар дар он буд, ки ҳатто кишварҳои пешрафта барои татбиқи амалии ин аслҳои давлати дунявӣ ва демократии ҳуқуқбунёд даҳсолаҳо ва садсолаҳоро сарф намуда буданд, аммо Тоҷикистон бояд ин марҳиларо дар фурсати кӯтоҳ тай менамуд. Ҳамин тавр, дар чунин шароити печида, татбиқи меъёрҳои баланд ва аксаран нави конститутсионӣ дар як ҷомеаи пасошӯравӣ аз Эмомалӣ Раҳмон заҳмат, талош ва ҷасорати махсусро талаб мекард. Хушбахтона, Пешвои миллат аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ низ ба хубӣ баромад.

Имрӯз мафҳумҳое чун волоияти қонун, давлати дунявии демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, моликияти хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парлумони касбӣ, судҳои дахлнопазир ва ғайра, ки башарият онҳоро дар тӯли асрҳо бо мубориза ба даст овардааст, барои ҷомеаи мо мафҳумҳои бисёр ошно ва маъмулӣ шудаанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳамагӣ бист — биступанҷ сол пеш аксари ин мафҳумҳо барои мардуми Тоҷикистон комилан нав ва ноошно буданд. Пас, метавон хулоса намуд, ки аз назари татбиқи амалии меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, кишвари мо зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳиши беназири таърихиро анҷом додааст. Бешубҳа, дар муддати ду даҳсола, ки дар назди таърих як лаҳзаи кӯтоҳ аст, ба даст овардани чунин муваффақият дастоварди бузург мебошад.

Ин аст нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун татбиқкунандаи меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва барпокунандаи амалии модели давлати дунявии демократӣ дар кишвар.

Ҳамин тавр, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мураккабтарин марҳилаи таърихӣ ҳаракати умумимардумии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бевосита роҳбарӣ карда, дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои он саҳми бевосита гузошта, ислоҳоти сарнавиштсози конститутсиониро ҷасурона пеш бурда, бо фаъолияти пурсамари худ татбиқи амалии ин санади таърихиро таъмин намудааст. Агар ин чанд ҷанбаи фаъолияти ӯро канори ҳам гузорем, метавон хулосагирӣ намуд, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор, бунёдгузор, ҳомӣ ва татбиқкунандаи амалии нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ҳамин тариқ, нақш, хидмат ва симои таърихии ӯ ҳамчун меъмори ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, бунёдгузори низоми ҳуқуқии давлат, тарроҳ ва татбиқкунандаи модели муосири давлатдории миллии тоҷикон пеши назар зоҳир мегардад. Табиист, ки бо чунин нақш ва хидмати сазовор ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи мо бисёр баланд ва номи ӯ дар саҳифаи давлатдории миллӣ барои ҳамеша устувор ва пойдор аст.

 Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор