(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои олам дар доираи сиёсати дарҳои боз ба як қатор кишварҳо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ намуд. Аз ҷумла, як сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, ду сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея ва Туркманистон, 11 сафари корӣ ба шаҳрҳои Москва, Уфа, Сочии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка, шаҳри Бокуи Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Парижи Франсия, шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ва шаҳри Ашқободи Туркманистон дошт.
Дарёфти роҳҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо муфид, равобити зичу муштарак ба хотири таъмини амният дар минтақа, муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, баҳрабардорӣ аз имкониятҳои ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва саҳм гузоштан ба рушди иқтисодиёти кишвари мо, имзои даҳҳо санади нави меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон дар аксар бахшҳо бо ин давлатҳоро метавон натиҷаи бобарори мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо роҳбарони мамлакатҳои хориҷ ва намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ номид.
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об (солҳои 2005 — 2015) ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум ба ҳайси ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) иштирок намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуда, бори дигар таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои ҳалталаби глобалӣ вобаста ба оби тозаи ошомиданӣ ҷалб намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президент хонум Пак Хин Хе ва як зумра роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоти расмӣ дошт.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносибатҳои ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар номида шуд.
Пас аз анҷоми мулоқот панҷ санади нави ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ба имзо расид.
Дар шаҳри Сеул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар Корея омили муҳим барои густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар номида, изҳори бовар намуд, ки ояндаи наздик, тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, сафорати доиммуқими Корея ва намояндагии Агентии ин кишвар доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе кушода мешаванд.
Худи ҳамон рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд, мулоқот кард. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯйи тоҷик таҳсил ва беш аз 40 нафар соҳибкор аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд.
9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Сурхи шаҳри Москва ҳамроҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои қариб 30 кишвари ҷаҳон шоҳиди паради ҳарбии бахшида ба солгарди 70-ум аз Ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ гардид.
Дар паради ҳарбӣ беш аз 16 ҳазор афсару сарбоз аз Федератсияи Россия ва кишварҳои зиёди дигар иштирок намуданд. Дар миёни онҳо як воҳиди низомии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ширкат варзид. Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷанги бузурги зидди фашизми гитлерӣ зиёда аз 300 ҳазор фарзанди Тоҷикистон саҳм гирифтааст ва қариб 100 ҳазори он барои таъмини ғалаба ва ҳаёти осоиштаи наслҳои оянда ҷони худро фидо кардааст. Беш аз 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардидаанд.
12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.
Бозиҳои якуми аврупоӣ дар шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи баланди ташкилию варзишӣ ба роҳ монда шуд, ки аз 12-ум то 28-уми июн идома ёфт. Дар шаҳри Боку қариб 6 ҳазор варзишгар аз рӯи 20 намуди варзиш, ки 16-тоаш намуди олимпӣ мебошад, аз 49 кишвар қувваозмоӣ намуданд.
8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Уфа — пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия шуд.
Дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нефтию техникии Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Федератсияи Россия мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нефтию техникии Уфа барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «профессори фахрӣ» сарфароз гардид. Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ба донишҷӯёни тоҷики дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсилкунанда муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯйӣ, истихроҷ ва коркарди нефт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард.
Дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.
Владимир Путин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба рушди муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод. Сарвари Федератсияи Россия, ҳамчунин ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷумла ба машқҳои муштараке, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардиданд, баҳои баланд дод. Изҳори умед карда шуд, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон пурра иҷро мешаванд.
Бегоҳии 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Россия мулоқот намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Россия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама, ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии неруҳои тахрибкори ба ном исломӣ ҳидоят намуд.
9 июл дар шаҳри Уфа — пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Хитой ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки монеаи асосӣ дар ин роҳ буҳрони шадиди озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад.
10 июл дар шаҳри Уфа — пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оғоз ёфт.
Дар ҷаласаи васеъ, ҳамчунин сарони панҷ давлати нозир — Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва Муғулистон иштирок намуданд.
Яке аз натиҷаҳои асосии ин ҳамоиш ба мувофиқа расидан оид ба роҳҳои қабули Ҳиндустону Покистон ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳисоб мерафт. Натиҷаҳои асосии дигар аз ин ҳамоиш тасдиқ шудани «Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2025», Эъломияи Уфа, Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ ва «Барномаи ҳамкорӣ доир ба мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва ҷудойихоҳӣ барои солҳои 2016 — 2018» буд.
(Давом дорад)
Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин