Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№23 (3503) 20.02.2016

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

2-Назарбоев Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Корпоратсияи коркарди тиллои «Зиҷинг майнинг» Чэн Ҷинхэ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти дорои мас­ъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Корпоратсияи «Чайна Глобал Технолоҷи» (China Global Technologi), Ширкати коркарди маъдани тоҷикию хитойӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин директори генералии ҶДММ «Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой» Ҷан Келиро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки табиати Тоҷикистон ва захираҳои бойи он имкон фароҳам меоранд, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории ширкатҳои хитойӣ, аз ҷумла Корпоратсияи металлҳои ранга ва саноати кӯҳии Хитой лоиҳаҳои муштарак дар самти иктишофу коркарди металлҳои ранга ва дигар нақшаҳо дар амал татбиқ шаванд.

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати «Зетеӣ» (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳо бо ин ширкат изҳори қаноатмандӣ карда, масъалаи рушди муносибатҳоро барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекоммуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон губернатори музофоти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Сие Фу Ҷанро ба ҳузур пазируфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти васеи ин музофот барои воридоти технологияи муосир, бунёди корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ, да­с­т­­расии заҳрхимикатҳо барои хоҷагии кишоварзӣ ва таҷҳизот барои коркарди маҳсулот дар Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш хоҳанд дод.

Губернатори музофоти Хэнан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват кард, ки барои шиносоии наз­дик аз имконоту дастовардҳои сокинони музофот ва таҷрибаи пешқадами онҳо бо сафари корӣ ташриф орад.

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин доир гардид, иштирок кард.

Дар макони асосии баргузории чорабинии идона — майдони Тянанмэн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳоро Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Дар гузашти низомӣ ҷузъу томҳои ҳафт округи ҳарбӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ, неруҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ, политсияи мардумӣ ва аввалин маротиба собиқадорони артиши дуюми хушкигард, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ширкат варзиданд.

Дар паради ҳарбӣ, ҳамчунин, нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Россия, Муғулистон, Қазоқис­тон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии тантанавӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии полковник Илҳом Махсумов намояндагӣ кард, ки бо қадамзании зебои мутантан аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд.

Аз 26 то 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 70 — солагии Созмони Милали Муттаҳид, мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70 — уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 дар  шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт.

 

(Давом дорад)

 Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин