16 феврал дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода бо устодону шогирдони ин донишкада баргузор гардид.
Гулбаҳор Турсунова оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар замони истиқлолият сухан ронда, афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи мардуми ҷумҳуриро ба масоили муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ ва пешомадҳои ҷомеаи муосир ҷалб намуда, тавсеаи иқдомотро ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста, рушди устувори иқтисодӣ, тақвият бахшидани робитаи илму таҳсилот зарур арзёбӣ намуд.
Маҳмадалӣ Ватанзода роҷеъ ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки ҳадафи асосӣ аз ин тағйирот фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Сипас, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардидаро ба Конститутсия тавзеҳ дод.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»