22 майи соли 2016 - рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Пешрафт ва суботи ҷомеа ба такмили қонунгузорӣ вобаста аст

№23 (3503) 20.02.2016

Аз 16 феврали соли 2016 вохӯриҳои аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз шуд.

 

Вохури-118 феврали соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмондани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони бахшҳои маориф, фарҳанг ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир кушода, ҳайати гурӯҳи кориро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор диққати ҳозиринро ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷалб кард. Ӯ, аз ҷумла зикр намуд, ки Маҷлиси намояндагон дар асоси муқаррароти конститутсионӣ ҳамчун мақоми қонунгузор ва намояндагӣ баҳри такмили  қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи лоиҳаи қонунҳо ба манфиати  миллату давлат корҳои зиёдеро ба ҷо оварда истодааст.

- Қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат ва барои рушди бонизоми иқтисодӣ, асос­ҳои молиявии давлат хизмат менамоянд, — афзуд Азизӣ Абдуҷаббор  Абдуқаҳҳор. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагон даъвати амалкунанда таъкид доштанд, ки  дар шароити вазъи тағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ободии ояндаи Ватан, пешрафти  бомароми  соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва  муқаррароти қонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии  миллию давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми олии қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳои миллӣ, фарҳангӣ, таъмини сулҳу  суботи ҷомеа дар мадди аввал гузошта мешаванд.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, ҳамчунин гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дар таърихи парламенти кишвар  саҳифаи нав ва боиси  ифтихору масъулияти мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад, зеро ин қонун дар асоси дархости  мардуми кишвар таҳия ва қабул шудааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зикр кард, ки Конститутсия вобаста ба нафъ ва талаботи ҷомеа рушд мекунад. Тағйир ёфтан, такмил додани ҳар як Конститутсия нишонаи фаъол будани қонуни асосии давлат ва рушди қонунгузорӣ аст.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро Абдураҳим Холиқов шарҳ дода, афзуд, ки он аз 40 қисм иборат буда, 72 бандро дар бар мегирад. Мақсади асосии тағйиру иловаҳо ҳифзи соҳибихтиёрии давлат дар замони муосир мебошад.

Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Зафар  хотиррасон кард, ки Конститут­сияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тӯли 22 сол барои пешрафти ҷомеа хизмат намуд. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба он ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешбурди давлатдории Тоҷикистон мусоидат мекунад.

- Ба моддаи якум илова шудааст, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Шохаҳои мақомоти давлатӣ мустақилона амал карда, ҳуқуқи баробар доранд. Аз ин нуктаи назар аз банди 13 моддаи 69 ибораи «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» хориҷ карда мешавад. Масъалаҳои вобаста ба пешниҳоду таъини судяҳо, таъмини воситаҳои моддӣ — техникӣ маҳз ба мақомоти судӣ вогузор мешаванд, — гуфт ӯ.

- Инчунин, — афзуд Азиззода Зафар, — тибқи тағйиру иловаҳо  аз номи Конститутсия калимаи «Сарқонун» хориҷ мешавад, зеро он пурра маънии конститутсияро ифода карда наметавонад.

Муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Солиев диққати ҳозиринро ба манъ кардани фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта дар Тоҷикистон ҷалб намуд.

Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро таҳлил намуда, номбурда зикр кард, ки ин ҳизб дар асоси  маблағгузории хориҷӣ амал мекард. Дар давраи мавҷудияти худ ҳеҷ як ташаббуси давлат, Президенти кишварро ҷонибдорӣ накард. Бо созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ дошта, байни мардум  тафриқа меандохт. Аъзои ҳизби мазкур дар 1610 амали гуногуни ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст доштанд. Аз ин рӯ, фаъолияташ қатъ гардонида шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», ки дар таҳрири нав қабул шудаанд, сухан ронда, онҳоро шарҳ дод.

Аз ҷумла, доир ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гуфт, ки дар шароити ҷаҳони муосир ин иқдом амри зарурист, зеро он моҳияти миллӣ  дорад.

- Давлатҳои мутараққии дунё бо ақидаи миллии худ ба  пешравиҳо ноил гардидаанд, — афзуд Ҷамшед Муртазоқулов ва идома дод: — Хушбахтона, мо чунин ақидаи миллии худро дорем. Он дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл ифода шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Дар вохӯрӣ ҳозирин доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ва нақши шахсият дар ҷомеа низ  андешаронӣ намуданд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ