Пешвои миллат ба мавсими ниҳолшинонӣ оғоз бахшид

№23 (3503) 20.02.2016

24455464214_074234d281_oҲабдаҳуми феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар атрофи Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуда, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ оғози расмӣ бахшид.

Дар ин ҷойи хушбоду ҳаво, ки бо қомат афрохтани навниҳолҳо ва ниҳолҳои калонҷусса, дарахтони паҳнбаргу сӯзанбарги сояафкану ороишӣ ба як мавзеи хеле зебою диданӣ табдил ёфтааст, дигар дарахтони нодир шинонда шуд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмома­лӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва дӯстдорони табиати зебо аз ҳар як рӯзи ҳавои мусоид  бояд пурсамар истифода баранд ва дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти пешина, кабудизоркунии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар як ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Тибқи супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир якчанд барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар кишвар татбиқ гардида, дар доираи онҳо дар майдони қариб 100 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд ёфта, боғоти аз истифода бозмонда барқарор шуданд.

Ҳоло дар мамлакат барномаи нави рушди  соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020 мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

Маҳз натиҷаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки солҳои охир мардум беш аз пеш ба боғу токпарварӣ рӯй овард ва ин боиси зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот шуд. Аз ин ҳисоб бошад, ҳам қудрати содиротии кишвар ва ҳам зиёдшавии шарикони хориҷии вобаста ба ин соҳа ба назар мерасад. Аз ҷумла, бори нахуст дар таърихи кишвар гелоси Тоҷикистон ба яке аз бозорҳои ҷаҳонӣ — Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳ ёфт. Умед аст, ки минбаъд барои хушкмева ва навъҳои дигари меваю сабзавоти тару тозаи кишвари мо ба ин ҳамсоякишвари бузург ва дигар давлатҳои дуру наздик роҳи васеъ боз мегардад, зеро меваю сабзавоти Тоҷикис­тон бо таъму лаззати худ ҳамто надорад ва талабгоронаш сол то сол зиёд шуда истодаанд.

 www.president.tj