17-18 феврали соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд.
Анвар Тағоймуродов зимни ин вохӯриҳо оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз ҷумла зикр намуд, ки рушди босуботи ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста такмил дода шаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардад. Аз ин рӯ, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба ҳамин хотир пешниҳод шудаанд. Анвар Тағоймуродов зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро шарҳ дода, интихобкунандагонро даъват намуд, ки дар раъйпурсӣ фаъолона ширкат варзанд.
***
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Садриддинов ва Орифҷон Ҳакимов 18 -19 феврал дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз ва Носири Хусрав бо интихобкунандагон чанд вохӯрӣ гузаронданд.
Аз ҷумла, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо интихобкунандагон вохӯриҳои таассуротбахш доир шуданд, ки дар онҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Қубодиён Абдураҳмонзода Саидумрон Назар низ ширкат варзид. Миёни вакилони Маҷлиси намояндагон ва иштирокчиён доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯҳои судманд сурат гирифт. Вакилон зарурати пешниҳоди тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон банд ба банд шарҳ доданд.
Дар деҳоти «Тахти Сангин», «Навобод» ва Носири Хусрав низ бо интихобкунандагон чунин суҳбату мулоқот баргузор шуд.
Ҳамин гуна вохӯриҳо, инчунин, дар Кохи фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз, деҳоти «Сайёд», «Пахтакор» ва ба номи Х. Холматови ин ноҳия сурат гирифтанд.
Давлат Султонов,«Садои мардум»