Ин ҳама дар натиҷаи санҷишҳои аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ошкор гардид
Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва тадриҷан мукаммал гардида, дар давраи кӯтоҳи фаъолият, бо истифода аз усулу методологияҳои нави мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Соли 2015 мувофиқи нақшаи санҷишҳои аудиторӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, ташкилоту корхона, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 438 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 124- то зиёд мебошад. Дар натиҷа, зарари молиявӣ ба маблағи 159 миллиону 557 ҳазор сомонӣ ошкор гардид, ки нисбат ба соли 2014- ум 89,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 12 миллиону 38 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 5 миллиону 582 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон 10 миллиону 919 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1 миллиону 77 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 52 миллиону 436 ҳазор сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 74 миллиону 394 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ 3 миллиону 111 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Инчунин, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 98 миллиону 862 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо ба андозаи 135 миллиону 456 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи буҷет ба маблағи 211 миллиону 861 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби талафи беасоси захираҳои ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 28 миллиону 466 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ 179 миллиону 798 ҳазор сомонӣ ва беасос барзиёд маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 3 миллиону 597 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст.
Дар рафти санҷишҳои аудиторӣ 56 миллиону 256 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор шуд, ки аз ин ҳисоб 45 миллиону 455 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 10 миллиону 801 ҳазор сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст. Боқимонда маблағи 114 миллиону 727 ҳазор сомонӣ, ки дар маҷмӯъ 160 маводро ташкил медиҳад, барои чораҷӯӣ ва барқарор намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуд.
Ғайр аз ин, зимни гузаронидани чорабиниҳои ташхисию таҳлилӣ маблағи бақияпулиҳои андоз дар ҳаҷми 4 миллиону 221 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 2 миллиону 91 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби зиёдомади молу маводи арзишдор 7 миллиону 224 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 4 миллиону 291 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор карда, маблағгузории сметаҳои хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1 миллиону 306 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ, бо мақсади таъмини иҷрои яке аз вазифаҳои асосии худ, ки дар моддаҳои 1 ва 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 65-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидаанд, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои таҳлилию ташхисӣ анҷом дод ва хулосаҳои худро ба «Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014» ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Натиҷаи санҷиши аудиторӣ «Оид ба баҳодиҳӣ ба ҳисобот оиди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014», ки дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд, зарари молиявиро ба маблағи 20 миллиону 441 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки он аз ҳисоби нодуруст ба амал баровардани ҳисоббаробаркуниҳо дар назди Буҷети давлатӣ аз ҳисоби қарздории андозҳо бо субъектҳои хоҷагидорӣ 1 миллиону 638 ҳазор сомонӣ, ба ҳисоб нагирифтани қарзи ба таъхиргузоштаи хоҷагиҳои пахтакор 18 миллиону 630 ҳазор сомонӣ, ба ҳисоб нагирифтани фоизи амонатӣ 1,9 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби ба буҷет ворид накардани ҳиссаи ба буҷет тааллуқдоштаи маблағҳои махсус 171,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Зимни таҳлили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» муайян гардид, ки барои пешбинӣ намудани ҳаҷми воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ маълумоти зарурӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номукаммал пешниҳод шуда, аз рӯи он дуруст пешгӯӣ намудани воридоти андозию ғайриандозӣ ғайриимкон мебошад.
Таҳлили дурустии банақшагирии маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ аз рӯи маводи ба лоиҳаи қонун замимашуда нишон дод, ки дар баъзе мавридҳо маблағгузорӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ нисбат ба дархости пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо барзиёд пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар 31 муассисаи соҳаҳои дигари иқтисодиёт нисбат ба дархостҳои пешниҳодшуда ба маблағи 1 миллиону 580 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ барзиёд ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли 2015 аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳрҳои Исфараву Ваҳдат, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Фархор, Қумсангир, Вахш ва Рашт анҷом дода, маҷмӯан дар 179 ташкилоту муассисаи буҷетӣ санҷишҳои аудиторӣ гузаронида шуд ва ба маблағи 11 миллиону 79 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар рафти санҷишҳои аудиторӣ 6 миллиону 562 ҳазор сомонӣ ё худ 62,7 фоизи зарари ошкоргардида ба буҷети давлат барқарор шуд, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 4 миллиону 115 ҳазор сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳо 2 миллиону 447 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар соли 2015 аз ҷониби Палатаи ҳисоб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 160 маводи санҷиши аудиторӣ ба маблағи умумии зарари молиявӣ ба қадри 114 миллиону 726 ҳазор сомонӣ ирсол шуд, ки нисбат ба соли гузашта 96 мавод ба маблағи 80 миллиону 578 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 71 мавод ба маблағи умумии 68 миллиону 92 ҳазор сомонӣ, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 мавод ба маблағи 32 миллиону 131 ҳазор сомонӣ, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 мавод ба маблағи 6 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, ба мақомоти судӣ се мавод ба маблағи 5 миллиону 457 ҳазор сомонӣ ва ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мавод ба маблағи 2 миллиону 976 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ирсол шуд.
Дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба баррасии 59 маводи ирсолгардида ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашида шудани шахсони гунаҳкор ва дигар қарорҳои бо қонунгузории мурофиавӣ муқарраршуда ирсол гардидааст. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти Прокуратура оид ба баррасии 27 мавод, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии 31 мавод ва аз ҷониби мақомоти судӣ оид ба баррасии як мавод маълумот ворид шудааст. Айни замон баррасии маводи боқимонда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ, бо мақсади таҳкими минбаъдаи фаъолият бо истифода аз таҷрибаи аудити мустақили берунаи давлатҳои мутараққӣ, татбиқи сифатноки барномаҳои давлатӣ, риояи қатъии интизоми давлатӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва ҳисоботи муҳосибии ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ чор созишномаи ҳамкорӣ бо мақомоти олии назорати молиявии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида, айни замон узви комилҳуқуқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили «INTOSAI», «ECOSAI» ва «ASOSAI» мебошад. Ҳамчунин, ба ин мақсад дар асоси таҷрибаи пешқадам, чорабиниҳоро дар самти таҳияи луғати тафсири вожаҳои аудити беруна, коркард ва таҳияи методологияи содакардашудаи аудити берунаи молиявӣ, таҳияи «Дастур дар бораи гузаронидани аудити молиявӣ», инчунин ба забони давлатӣ тарҷума ва мувофиқакунонии 18 стандарти байналмилалии мақомоти олии назорати молиявии ИНТОСАЙ (INTOSAI)-ро амалӣ намуда, тарҷумаи расмии истилоҳот ва вожаҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва аудити мустақилро иборат аз 208 калима бо забони давлатӣ ба анҷом расонид, ки зимни таҳияи стандартҳо ва методологияи аудити мустақили беруна ин истилоҳот ва вожаҳои байналмилалӣ истифода мегарданд. Ҳамчунин, ҷиҳати назорат ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва амволи давлатӣ панҷ стандарти аудити байналмилалӣ бо забони давлатӣ тарҷума шуда, бо қарори ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва тарҷумаи ҳафт стандарти дигар дар арафаи анҷомёбист.
Баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони Палатаи ҳисоб яке аз тадбирҳои ноил гардидан ба ҳадафу вазифаҳои дар назди ин мақом гузошташуда буда, ба ин мақсад ҷиҳати бозомӯзӣ дар мавзӯъҳои «Татбиқгардонии стандартҳои байналмилалии МОНМ-и (INTOSAI), «Баҳодиҳӣ ба системаи аудити дохилӣ дар мақомоти тобеъ аз тарафи МОНМ», «Оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявӣ (аудит) барои МОНМ -и мамлакатҳои аъзои ИДМ» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба фаъолияти касбии кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Туркия, Малайзия, Арманистон ва Корея фиристода шудаанд. Инчунин, дар самти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили «ECOSAI» ва «ASOSAI», айни замон бо маслиҳати дуҷониба ва розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақоми олии назорати молиявии ин кишвар лоиҳаи Созишномаи ҳамкориро омода ва ирсол намудааст.
Умуман, роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи мақоми олии назорати молиявии кишвар тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон