Ҷиҳати фаҳмондани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ дар ҳайати директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода, сардори Раёсати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳиддинов ва мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донаёр Сангинов дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд. Дар мулоқоте, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки ба хотири таъмин гардидани суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон, мутобиқ намудани Конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, байналмилалӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пеш омадааст.
- Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санаду шартномаҳои байналмилалии зиёдро ба имзо расондааст. Аз ин лиҳоз, зарурат аст, ки Конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонда шавад, — иброз дошт Х.Холиқназар.
Худобердӣ Холиқназар овозаву ҳангомаҳоро дар мавриди мақоми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рад намуда, изҳор дошт, ки зиёда аз 40 тағйиру илова ба Конститутсия дар назар дошта шудааст, вале ҳеҷ яке аз онҳо ба моддаҳои марбут ба ВМКБ дахл надоранд.
Сипас, Донаёр Сангинов ба таври муфассал доир ба тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия сухан ронд.
Ӯ, аз ҷумла зикр намуд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар доираҳои илмӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтаву ҷонибдорӣ ёфтанд. Тибқи тағйиру иловаҳо аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «Сарқонун» бардошта мешавад. Зеро калимаи «Сарқонун» тамоми маъноҳои вожаи «Конститутсия»-ро ифода карда наметавонад, аз ҷумла «асос», «муайянкунанда» ва «муқарраркунанда» будани онро ифода намекунад.
Ба қисми дувуми моддаи 1 илова мешавад: «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Пӯшида нест, ки шаҳрвандон Президенти кишварро ба тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ интихоб кардаанд ва ин иродаи мардум бо даровардани тағйирот дар ин модда мушаххас мегардад.
Ҳамчунин, мутобиқи тағйиру иловаҳо узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсоне таъин мешаванд, ки синни аз 30 кам надошта бошанд. Дар ҳамин радиф, шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз даҳ сол истиқомат дошта бошад.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»