Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ғончӣ №24 Исмоилзода Зуфар Муртазохон мулоқоти худро бо интихобкунандагонаш аз деҳоти «Ростровут», «Ваҳдат» ва Исмоили Сомонӣ оғоз намуд.
- Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлату Ҳукумати кишвар мушаххас гардидаанд, барномаи мукаммали рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, раҳнамои минбаъдаи ҳаёти ҷомеаи мост, — гуфт Исмоилзода Зуфар Муртазохон.
- Агарчӣ бар асари буҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ пешрафти баъзе аз соҳаҳои кишвар дучори монеаҳо гардида бошанд ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи ин камбудиҳо нақшаи чорабиниҳои иловагӣ қабул карда, барои таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ як силсила тадбирҳои судмандро пешбинӣ намудааст.
Ҳамчунин, Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар робита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» иброз дошт, ки қонуни мазкур натиҷаи орзую омоли халқ буда, аз ҷониби тамоми мардуми ҷумҳурӣ пазируфта шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагон вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати он андешаҳои худро баён дошта, зикр кард, ки рушди босуботу устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои конститутсионӣ пайваста такмил дода шаванд. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамояд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Коститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои он ба санадҳои ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»