Дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ, ки кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузарониданд, боз як ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир аз вилояти ҳамҷавори Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгирӣ карда шуд. Сокини деҳаи Барчиди деҳоти «Поршинев»-и ноҳияи Шуғнон Ҷасур Мамадризоев, ки мехост бар ивази даҳ шиша арақ аз шаҳрванди давлати ҳамсоя- Фирӯз 400 грамм ҳашиш дастрас намояд, дар минтақаи сарҳадии байни деҳаҳои Ёмҷ ва Возм аз ҷониби кормандони амнияти миллӣ дастгир гардид. Тибқи тафтиши пешакӣ Ҷасур Мамадризоев бо Фирӯз дар бозори наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дар бораи ин додугирифт мувофиқа намудааст.
Мувофиқи ахбори дафтари матбуотии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ин амалиёт бо маълумоти пешакӣ ва зиракии сокинони маҳалли наздисарҳадӣ рӯйи кор оварда шуд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»