Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз боз дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба тавзеҳ додани нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ вохӯриҳо гузарониданд. Яке аз ин мулоқотҳо бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев сурат гирифт.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ диққати иштирокдоронро ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷалб намуда, гуфт, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъ дар ҷаҳон, густариш пайдо кардани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар кишварҳои дунё ироа гардид.
- Имрӯз зарур аст, ки барои рушди кишвар кадрҳои соҳибихтисосро тарбия ва омода намоем, — афзуд Хайринисо Юсуфӣ ва ёдовар шуд, ки соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз чор миллион сомонӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматии аҳолии минтақаҳои зарардида ҷудо намуд.
Хайринисо Юсуфӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия, пеш аз ҳама, ба мушаххас намудани меъёрҳои он, возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва ғайра марбут дониста, ҳамчунин, зикр намуд, ки ба Конститутсия 40 тағйирот пешниҳод шудааст.
Номбурда, инчунин мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро шарҳ дод.
Ҳозирин изҳор доштанд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро мардуми ВМКБ сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар раъйпурсӣ фаъолона ширкат хоҳанд варзид.
Ш. Шоҳтолиб, «Садои мардум»