Бисту чоруми феврали соли 2016 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷаласа доир гардид.
Дар он як масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ зикр намуд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, шароити мусоидро барои рушди онҳо фароҳам меорад.
Дар қонун, инчунин додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ташаккули фонди махсуси замин, тасдиқи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, қабули шаҳрвандони дигар ба узвият, уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он, бошишгоҳи саҳроӣ, асосҳои қатъ гаштани фаъолият, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии хоҷагии деҳқонӣ ва иттиҳодияҳо (ассосиатсияҳо) инъикос ёфтаанд.
Хулосаи кумита дар ин робита барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ