- Дар доираи «500 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бахшида «Ба соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод», ки дар вилояти Суғд эълон гардидааст, дар ҳудуди шаҳру деҳоти Конибодом корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ босуръат идома доранд, — иттилоъ дод мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Парвина Абдуллоева.
Бино ба гуфти номбурда, кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаю хоҷагиҳои шаҳр бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза ҳар ҳафта ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи коргоҳи худро тоза карда, бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ дар афзун намудани ҳусни шаҳр ҳисса гузошта истодаанд. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард зиёда аз 200 бех ниҳоли ороишии сӯзанбарг шинониданд. Устодону донишҷӯёни Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр низ тасмим гирифтаанд, ки ҷашнҳои дарпешистодаро сазовор истиқбол намуда, симои боргоҳи худ ва шаҳрро зебо гардонида, бо шинонидани ниҳолҳо дар ҳифзи солимии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар ин росто, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар саҳни ҳавлии мақомот ва гирду атрофи он зиёда аз 100 бех ниҳоли мевадиҳанда шинониданд.
Аз аввали сол дар ҳудуди шаҳри Конибодом беш аз 1,5 ҳазор бех ниҳоли гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»