Чанде пеш вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти (ПИТФИ) Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
Зимни ифтитоҳи он директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода роҷеъ ба аҳамияти Паёми Сарвари давлат ҳарф зада, нуктаи зеринро аз ин ҳуҷҷати муҳим ёдовар шуд: «Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, олимони ҷомеашиноси мо бояд дастовардҳои таърихии халқамонро бештар тарғиб намоянд ва таҳқиқоташонро ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона созанд. Дар ин раванд муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон, умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».
- Дар ин замина, олимоне, ки дар риштаи фарҳанг фаъолият доранд, вазифадоранд барои пешрафти ҷомеа ҳар чӣ бештар саҳмгузорӣ намоянд. Имрӯз мо муҳаққиқону мутахассисонро ин ҷо ҷамъ овардем, то фикру мулоҳизаҳои хешро дар ин бора изҳор намоянд. Андешаҳои дар ин ҷамъомад баёнгардида таҳлил ва барои пажӯҳишҳои минбаъда мавриди истифода қарор мегиранд, — таъкид намуд Ш. Комилзода ва суханро ба доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов дод. Номбурда дар мавзӯи «Зарурат ва аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар шароити муосир» суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хоса русиву англисӣ тақозои замон аст, ки Президенти кишвар доимо дар суханрониҳои худ зарурати онро таъкид менамоянд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки методикаи таълими забонҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ нисбатан куҳна шуда, ба раванди зиндагӣ, шароити иҷтимоӣ ва талаби замон чандон мувофиқ нест. Имрӯз зарур аст, ки тарзи таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро дар макотиби таҳсилоти миёнаву олӣ тағйир диҳем.
Дар шароити муосир донистани забонҳои хориҷӣ як навъ калидест, ки на танҳо дари илму маърифати ҷаҳониро бароямон мекушояд, балки дар раванди ҷаҳонишавӣ моро имкон медиҳад, ки бевосита дар низоми сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷаҳонӣ ширкат варзем. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Суханронии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдумумин Қутбиддинов ба мавзӯи «Ташаккули ҷаҳонбинии фарҳангӣ — омили рушди худшиносии миллӣ» бахшида шуд. Зимни таҳлили ин мавзӯъ, аз ҷумла зикр гашт, ки гиромидошти фарҳанг арзиши хеле баланду бесобиқа дошта метавонад. Фарҳанги асил миллат, давлат ва ҷомеаҳоро месозад. Дар ин росто, фарҳанги асил худшиносии миллиро суръат мебахшад.
- Сиёсати байналмилалии имрӯза ба фарҳанг хеле тавъам аст. Аз ин лиҳоз, ҷавонони мо бояд бо баланд гаштани ҷаҳонбинии фарҳангии худ дар муқобили маҷроҳои ғайр истодагарӣ намоянд, — таъкид кард А. Қутбиддинов
Суханронии адиб ва мунаққид Ҳасани Муҳаммадӣ низ боиси таваҷҷуҳи аҳли нишаст гардид. Вай зимни ироаи маърӯзаи хеш доир ба арзишҳои миллӣ ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас гуфт, ки дар ин замина мо — калонсолон масъулияти бузургеро бояд эҳсос намоем ва ҷавононро тавре тарбия кунем, ки онҳо воқеан ворисони сазовори оянда бошанд. Вай пешниҳод кард, ки аҳли фарҳанг бояд бештар миёни мардум бошанд, махсусан дар боғчаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ чунин суҳбату мулоқотҳо гузаронанд.
Баъд аз шунидани маърӯзаҳои асосӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар поёни ҷамъомад Шариф Комилзода ба иштирокчиён барои андешаю пешниҳодоти ҷолиб миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки ба ин монанд суҳбату мулоқотҳо вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар давоми сол мунтазам гузаронида мешаванд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»