Зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Рӯшони ВМКБ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатшо Рӯзадор диққати аҳли нишастро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷалб намуда, зикр карданд, ки дар санади мазкур расидан ба се ҳадафи стратегии миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат, ҳамчунин диққати асосиро ба амалӣ гардидани барномаҳои давлатии марбут ба шуғли аҳолӣ равона намуда, ёдовар шуданд, ки онҳо барои мамлакат имконият фароҳам меоранд, ки дар даҳ соли охир зиёда аз як миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис диҳем ва 315 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин кунем. Бояд гуфт, ки 30 дарсади ин шумораро занон ташкил хоҳанд дод.
Дар вохӯрӣ, инчунин зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»