Соли 2015 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ва раванди тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, пойдор намудани Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдат ва якпорчагии кишвар саҳифаи нав боз гардид. Нуҳуми декабр Маҷлиси намояндагон ва 18 декабр Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» — ро қабул ва ҷонибдорӣ намуданд, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад. Қабули қонуни мазкурро метавон натиҷаи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихӣ, дастоварди муҳими мардуми тоҷик, боло рафтани обрӯ ва эътибори байналмилалии давлатамон маънидод намуд.
Тамоми дастовардҳои давлати мо дар давраи соҳибистиқлолӣ бо ном, кору пайкор, фаъолияти ҳадафмандона, азми қавӣ ва неруи созандаи Сарвари давлати тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим ва ногусастанӣ дорад. Мардуми Тоҷикистон хуб ёд доранд, ки дар давраи мушкил ва тақдирсози миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Он рӯзгори мудҳишу сангин ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо намеравад, зеро ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ на танҳо ба мардум ва давлати тозаистиқлоли мо хисороти бузурги моддӣ ворид намуда, садҳо ҳазор ҳамватанони моро гурезаву саргардон кард, балки кишварро ба вартаи нобудӣ оварда буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал дар шароит ва вазъияти мураккабу бесуботӣ самтҳои асосии сиёсати давлатро муайян намуда, барои аз байн бурдани мухолифат ва расидан ба сулҳи пойдор саъю талоши беназир намуд. Роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагӣ ҳамвор ва осон набуд. Ба роҳбарияти нави кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки қариб панҷ сол ҳадафмандона барои расидан ба сулҳу оштӣ саъю талош намояд ва Ватани азизамонро аз парокандагӣ ва хатари нестшавӣ наҷот диҳад. Барои расидан ба ормонҳои миллӣ Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайрату ҷасорат, иродаи устувор, қатъӣ ва қавӣ, садоқати бепоён ба миллату Ватан, азхудгузарӣ ва ҷоннисорӣ нишон дод. Сафари Роҳбари давлат тобистони соли 1996 ба Хостдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намунаи равшани азми қавӣ барои расидан ба мақсади ниҳоӣ – таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон мебошад. Он замон дар кишвари ҳамсоя ҷанги шадиди шаҳрвандӣ идома дошт ва дар ҳар музофоти он даҳҳо гурӯҳи мусаллаҳ ба муқобили якдигар мубориза мебурданд. Муҳофизони Сардори давлат тавсия надоданд, ки ҳайати давлатӣ бо сардории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоки Афғонистон ворид гардад. Маҳз ҷавонмардии Сардори давлат боис шуд, ки баҳри расидан ба сулҳу субот қадами устувор гузошта шавад ва эътимоди ҳар ду ҷониб барои ба имзо расонидани созишномаи ниҳоии сулҳ қавитар гардад.
Хушбахтона, таҷрибаи роҳбарияти Тоҷикистон дар таъмини сулҳ аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун намунаи беҳамтои сулҳофарӣ эътироф ва барои кишварҳои гирифтори муборизаҳои шадиди сиёсӣ дастурамали воқеии расидан ба сулҳу субот ва ваҳдат арзёбӣ гардид.
Мардуми ноҳияи Бохтар ин дастоварди бузурги миллатамон – дастёбӣ ба сулҳ ва хотима додани ҷанги хонумонсӯзро, ки натиҷаи ҷасорат ва иродаи қавии Сардори давлатамон аст, аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтару хубтар дарк ва қадр менамоянд, зеро ҳеҷ ноҳия дар солҳои аввали даргириҳо мисли ноҳияи Бохтар зарари моддӣ, ҷонӣ ва маънавӣ надида буд.
Боварӣ дорем, ки Ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ, устувор гардонидани низоми давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ пеш рафта, ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи баландтарро соҳиб мешавад.
Раҷабалӣ ДАВЛАТЗОДА, муовини раиси ноҳияи Бохтар