29 феврали соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой, сардори ситоди Артиши халқии озодгари Хитой Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хитой баррасӣ гардиданд.
- Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникии Тоҷикистону Хитой, дар маҷмӯъ бахши амниятӣ, мавзӯи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад, — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои давлатҳо, ки характери стратегию шарикӣ доранд, изҳори қаноатмандӣ ва умед намуданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.
Дар мулоқот оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникии Тоҷикистону Хитой дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатари мудҳиш — терроризм, экстремизм ва сепаратизм муҳиму назаррас арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳо мо бояд ҳамаҷониба омода бошем.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мавзӯъҳои доғи минтақаву ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо гуфтугӯйи судманд намуданд.
www.president.tj