Бо мақсади аз наздик ошно намудани интихобкунандагони худ бо муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон омаданд. Онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо интихобкунандагон вохӯриҳо ба анҷом мерасонанд.
Аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева дар шаҳри Сарбанд чунин вохӯриро доир намуд. Саодат Амиршоева дар атрофи ҳадафу самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуд.
Як нафар аз иштирокдорони ин вохӯрӣ, директори литсейи №1-и шаҳри Сарбанд Нурулло Давлатов баъди анҷоми мулоқот андешаҳояшро ба мо чунин иброз намуд: — Мо бо ҷамъи ҳамкоронамон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи оинаи нилгун тамошо кардем, вале ҳангоми мулоқот бо вакили худ Саодат Амиршоева бори дигар аз мақсаду ҳадафҳои бунёдкоронаи Сарвари давлатамон, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз зикр гардидаанд, аз наздик ошно гардидем. Аз ҷумла моро ин пешниҳоди Сарвари давлатамон, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба ҳисоби миёна ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад, басо хурсанд намуд. Вобаста ба ин ғамхории Сарвари давлат кӯшиш мекунем, ки сатҳи таълиму тарбияро боз ҳам баланд бардорем. Дар ноҳияи Қумсангир вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаябшо Назриев бо интихобкунандагони худ вохӯрд. Дар мулоқоте, ки бо вакили мардумӣ дар Кохи фарҳанги маркази ноҳия доир гардид, интихобкунандагони зиёд ҳузур доштанд. Зимни ин мулоқот Мусаябшо Назриев аз ҷумла зикр намуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мушаххасу мукаммали амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шахси масъул барои оянда мебошад. Ҳадафи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва дигар дастуру супоришҳои Президенти мамлакатамон барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагиро таъмин кардан аст.
Ҳамчунин дар деҳоти Ваҳдати миллии ноҳия низ вохӯрии интихобкунандагон бо Мусаябшо Назриев барпо гардид.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»