6 майи соли 2013 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Комиссия Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа як масъала — «Доир ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати вакили аз нав интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки 5 майи соли 2013 дар ҳавзаи якмандатии интихобтии Восеъ №39 интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гашт.
Баъд аз эълон гардидани санаи баргузории интихобот ва таъсиси комиссияҳои поёнии интихоботӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ва ба тариқи худпешбарӣ чор нафари зерин ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот ба қайд гирифта шуданд: Мараимов Раҷабалӣ Мирзоевич- директори генералии ҶДММ «Маркази тадқиқотӣ- сотсиологии «Бозтоб» (ба тариқи худпешбарӣ), Неъматов Ибодулло- раиси Ҷамоати деҳоти «Мичурин»-и ноҳияи Восеъ (бо пешниҳоди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон), Сафаров Зайниддин – муовини аввали директор- сардори Ситоди Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо пешниҳоди Ҳизби аграрии Тоҷикистон) ва Қурбонов Ҷӯрабек Раҳматович- сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар минтақаи Кӯлоб (ба тариқи худпешбарӣ).
Рӯзи 3 майи соли 2013 номзад Ҷ.Р.Қурбонов бо аризаи хаттӣ оид ба бозпас гирифтани номзадиаш ба комиссияи ҳавзавӣ муроҷиат намуд ва тибқи талаботи қонун ин дархости ӯ қонеъ гардонида шуд.
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 88,1 фоизи интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории Р.Мараимов 7,9 фоиз, И.Неъматов 16,3 фоиз, З.Сафаров 73,2 фоиз овоз доданд.
Ҳамин тавр, Сафаров Зайниддин аз ин ҳавза вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки дар асоси моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 баргузоргардида ҳисобида шавад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»