Рӯ ба рӯ бо интихобкунандагон

Паёми Сарвари давлатро ҳамчун роҳнамойи ҳадафҳои созандаи кишвар маъқул медонанд

№54 (3039) 06.05.2013

DSC_0299

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт рӯзҳои 3, 4 ва 5-уми май дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Нуробод бо интихобкунандагони худ мулоқот баргузор намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва пешниҳоду таклифҳои онҳо барои такмили  қонунҳои амалкунанда ва таҳияи қонунҳои нав мусоидат менамоянд.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба сиёсати иқтисодии пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи сиёсати иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки мақсади асосии мо – тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бахусус тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамзамон бо ин, инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад».

DSC_0378

Раиси Маҷлиси намояндагон зимни шарҳу тавзеҳи ин нукта таъкид намуд, ки талошҳои муассири роҳбарияти кишвар роҳро барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамвор намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Густариш додани бахши хусусӣ ва сохта ба истифода додани корхонаҳои хурду миёна низ метавонад саҳми худро дар беҳбуди вазъи иҷтимоии мамлакат расонад.

- Барои расидан ба ҳадафҳои мазкур бояд ба мардум ва онҳое, ки дар фикри саҳм гузоштан ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат ҳастанд, қарзҳои бонкӣ дода шавад,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд, ки дар ин замина зарур аст, ки низом ва механизми додани қарзҳои бонкӣ соддатар гардонида шавад, то ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба чунин қарзҳо дастрасӣ пайдо намоянд. Фоизи қарзҳои бонкӣ бояд нисбатан паст бошад, то ки барои густариши бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат кӯмак карда тавонад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар Паём таъкид шудааст, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020-ум аз 12 то ба 16 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ расонида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра аз 2,5 то 3 баробар зиёд карда шавад.

Зикр шуд, ки вобаста ба амалӣ намудани ин мақсад дар марҳалаи аввал аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз 20 то 30 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин барои беҳтар гардидани вазъи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот дигар нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода, аз ҳамагон даъват карда шуд, ки барои иҷрои ҳамаҷонибаи бандҳои Паём саъю талош намоянд ва ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва ҷумҳурӣ камари ҳиммат банданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияҳои Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Нуробод ҳар нукта ва бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо масъулияти баланд ва самимияти хос иҷро хоҳанд кард.

Таваҷҷуҳи бештар ба фаро гирифтани ҷавонону духтарон ба таҳсил ва омӯзиши илмҳои муосир, ҷалб намудани онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвият бахшидани ваҳдати комил дар миёни қишрҳои гуногуни аҳолии ноҳияҳо, муттаҳидӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу мазҳабӣ, расидан ба қадри сулҳу субот ва таҳким бахшидани ҳисси миллатдӯстиву меҳанпарастӣ дар замири кулли сокинон зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар идомаи суханронии худ таъкид дошт, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ барои пешрафти тамоми бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ равона гардидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ роҷеъ ба афзудани иқтидори содиротии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зиёд кардани иқтидори содиротии кишварро тавассути рушди истеҳсолоти саноатӣ ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, беҳтар намудани инфрасохторе, ки ба тараққиёти соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ  ва коркарди маъдан, металлургияи ранга, саноати сабук ва хӯрокворӣ равона шудааст, зарур шуморид.

Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мувофиқ барои истеҳсол ва коркарди ашёи хоми ватанӣ ва дар ин замина ба тавлиди маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла либосҳои гуногуни пахтагӣ, ки талабот ба ин навъи либосҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он ниҳоят зиёд мебошад, мавҷуд аст. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коркарди нахи пахта ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шавад, аз як килограмм нахи пахта даҳҳо сомонӣ фоида ба даст овардан мумкин аст. Дар ин самт соҳибкорони худиро зарур аст, ки барои сохта ва ба истифода додани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ иқдомҳои ҷиддитаре намоянд, зеро қонунгузории имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро ҷиҳати дастгирии чунин соҳибкорон фароҳам овардааст.

- Барои амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодии кишвар, мо бояд рушди устувор ва босуръати соҳаи гидроэнергетикаро таъмин намоем, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардидааст. Дар Паём зикр шудааст, ки пешравиҳо дар ин самт инкишофи устувор ва босуръати иқтисодиро таъмин месозанд, иқтидори умумии иқтисодии кишварро ҷиддан тақвият мебахшанд ва дар ниҳояти кор ба ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидати фаъол менамоянд.

Шукурҷон Зуҳуров атрофи бурду бохти соҳаи илму маориф, ки дар Паёми Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст, изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки дар Паём Президенти ҷумҳурӣ бештар ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушди кулли соҳаҳо диққати махсус зоҳир намудааст.

Тибқи маълумоти оморие, ки Сардори давлат зимни ироаи Паём иброз дошт, дар муддати даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Ин нишондод гувоҳи ғамхорию дастгирии Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврас аст.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз аҳли заҳмати ноҳияҳои Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Нуробод даъват ба амал овард, ки ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, зеро риояи ин қонунҳо ба тарбияи дурусти фарзандон, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, ғанӣ гардидани буҷети оилавӣ ва пешгирӣ аз сарфу харҷи беҳуда мусоидат менамояд.

Сокинони ноҳияҳои мазкур бо дастгирӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ба Раиси Маҷлиси намояндагон ҷиҳати такмили қонунгузории кишвар ва ҳалли бархе аз мушкилоти мавҷудаи ноҳияҳои худ ироа доштанд. Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон Олимҷон Сафаров низ иштирок дошт.

Сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.

Аҳлиддин САЛОҲОВ, муовини мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон