«Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерумандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 марти соли 2014