Ҳар гоҳе бо устоди зиндаёд, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов суҳбат мекардем, ӯ бештар дар бораи даврони бачагии худ ва бузургии модар ҳарф мезад. Дар бораи модари бузургвораш Валъамат Мусоева он қадар бо муҳаббат мегуфт, ки сомеъ аз шуниданаш хаста намешуд.
Пирони рӯзгордидаи ҳоитӣ, ки ин зани оқила, меҳрубону дилсӯз ва саховатмандро хуб мешинохтанд, аз рӯзгори ӯ ва шавҳаронашон диловараш — Нозим, ки то оғози ҷанги хонумонсӯз дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳоит кор мекард, бо ифтихору муҳаббат ҳикоя мекунанд.
- Валъамат Мусоева зани одӣ набуд. Солҳои зиёд ҳамроҳаш кор кардам. Чун модар меҳрубону дилсӯз буд, аммо чун роҳбар сахтгиру сахткор. Сифатҳои мардона дошт, дасткушод буд. Лаҳзаи фориғ аз кор ба хонаводае мерафт, ки фарзандону шавҳаронашон дар майдони ҷанг буданд. Падару модар ва арӯсакҳоро тасаллият мегуфт, каму кости зиндагиашонро буд мекард. Соли заминларзаи Ҳоит мо — мардҳо аз тарс орому қарор надоштем, вале апаи Валъамат тамкину оромиро аз даст намедод. Тамоми ятимбачаҳоро ба маркази ноҳия овард ва онҳоро рӯйхат карда, ба хонаҳои бачагони шаҳрҳои гуногун мефиристод, — мегуфт равоншод Эргаши Иброҳим.
Устод Зафар Нозимов дар як мусоҳибааш гуфта буд:
«Маро модарам бо азобу машаққат парварида буд. Вақте сухан аз бачагӣ меравад, симои модари меҳрубону дилсӯзам пеши рӯ меояд. Падарам Нозим Қосимовро ёд надорам, соли 1943 дар Кишинёв ҳалок шудааст».
Овозхони номдор то охири умр ҳафтае як бор ба зиёрати оромгоҳи модар мерафт ва сари қабри ӯ бо алам ин мисраъҳоро зери лаб замзама мекард:
Боз омадам ба кӯйи ту, эй қиблаи умед,
Эй модаре, ки соҳати ҷонам саройи туст.
Боз омадам, ки бӯса занам бар мазори ту,
Эй модаре, ки ҷону дили ман фидойи туст…
Валъамат Мусоева соли 1912 ба дунё омадааст. Давроне, ки дар Ҳоит Ҳукумати Шӯравӣ барқарор шуд, номбурда 12 — сола буд ва яке аз аввалинҳо шуда, ба остонаи мактаби нав қадам гузошт. Ӯ, ки дар назди модараш хат омӯхта буд, ҳангоми таҳсил дар мактаби деҳа ба мушкиле мувоҷеҳ нашуда, дар андак муддат соҳибмаълумот гардид. Дониши хуб ва истеъдоди Валъамати наврас ба омӯзгорон писанд омад ва барои идомаи таҳсил ӯро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Ғарм фиристоданд. Баъди таҳсил дар шаҳраки Ҳоит ба таълиму тарбия машғул шуд. Дар вазифаи омӯзгор, ҷонишини мудири мактаб, директори мактаб, нозири шуъбаи маориф кор кард. Дере нагузашта номбурдаро ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Ҳоит пешниҳод карданд ва солҳои тӯлонӣ сарварии ин муассисаро ба дӯш дошт. 14 сол вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Баъди саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯро муовини раиси Комиҷроияи ноҳияи Ҳоит оид ба таъминоти иҷтимоӣ таъин карданд. Солҳои душвори ҷанг маъюбони аз майдони ҷанг баргашта, оилаҳои аскаронро парасторӣ кардан кори осон набуд. Вале ӯ аз уҳдаи ин кор баромад.
Узви комиссияи муҳоҷиркунонии аҳолии пас аз заминларза зиндамондаи Ҳоит буд.
Маҳз дар ҳамин давра фарзандонаш — Зафар ва Рафоъатро ба Хонаи бачагони ноҳияи Файзобод фиристод, писараш дар роҳ гум шуд. Баъди ҷустуҷӯи ҳаштмоҳа Зафари даҳсоларо аз бозори Қӯрғонтеппа пайдо кард.
Солҳои 1950 — 1952 вазифаи ҷонишини раиси Комиҷроияи ноҳияи Ҷиргатол, солҳои 1951- 1955 ҷонишини раиси Комиҷроияи ноҳияи Варзобро ба зимма дошт. Ғаму дард ва фоҷиаҳои азсаргузаронида ба ӯ таъсир кард. Эҳсос намуд, ки саломатиаш хуб нест. Ариза навишту хоҳиш кард, ки ӯро ба кори сабуктар гузаронанд.
Бо вуҷуди серкорӣ, ба таълиму тарбияи фарзандонаш диққати ҷиддӣ медод. Зафар бо ҳидояти модари бузургвор ба саҳна қадам гузошт. Рафоъат ҳам соҳиби таҳсилоти олӣ шуд.
Риштаи ҳаёти Валъамат Мусоева моҳи августи соли 1960 дар шаҳри Душанбе канда шуд. Ҳамагӣ 48 сол умр дид, аммо дар ин муҳлати кӯтоҳ тавонист барои ҷомеа корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Хизматҳояш бо медали «Барои хизмати шоиста», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳо қадр гардидааст.
Ба ёд овардани Валъамат Мусоева дар ин рӯзи саид на танҳо рӯҳи ӯро, балки рӯҳи фарзанди фарзонааш, ҳунарманди нотакрор Зафар Нозимовро низ шод хоҳад кард.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»