(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат ба сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон дар Тоҷикистон қарор доштанд, зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
Меҳмонон дар боғи Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштугузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо сарватҳои табииаш, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш, кишварест нотакрор.
Ба ифтихори меҳмонони олимақом сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД баҳои баланд гирифт.
15 сентябр дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ шурӯъ намуд.
Зимни ҳамоиш дар баробари баррасӣ шудани масоили мубрами вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави СААД, ҷараён ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт.
17 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ — кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва басо муҳими Конститутсия ва Суди конститутсиониро дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20 — солагии Суди конститутсионии Тоҷикистон, ҳамчунин ноиби президенти Комиссияи Аврупо «Барои демократия тавассути ҳуқуқ»-и Шӯрои Аврупо, судяи Суди конститутсионии Федератсияи Россия Николай Бондар, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва собиқ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигарон сухан ронданд.
14 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастӣ ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе-2015» таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории форум муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, шароити мувофиқ барои муколама, баррасию дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодӣ, навгониҳои фазои сармоягузории мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо буд. Дар форум намояндагони кишварҳо, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид дар фазои сармоягузории кишвар, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва сиёсати дарҳои боз изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот атрофи масоили рӯзномаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии ИДМ зоҳир гардид.
Дар баробари сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба кишварҳои хориҷ дар доираи сиёсати бобарори дарҳои кушод дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва роҳбарони як қатор созмонҳои бонуфуз, инчунин ташкилоти мухталифи молиявии олам, ки ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ, расмӣ, корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои сатҳи гуногун ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, мулоқотҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла, бо Президент ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин ва Дмитрий Медведев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Темир Сариев, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Сарвазири Япония Синдзо Абэ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷон Керрӣ ва дигарон вохӯриҳо анҷом дода шуд.
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.
(Давом дорад)
Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин