Бисту ҳаштуми августи соли гузашта адиб ва журналист Умари Шерхон ба ман занг зада, гуфт, ки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов пешниҳод дорад, ки рӯзи якшанбе (ду рӯз баъд), дар қатори дигар журналистон, ба Ҷумҳурии Халқии Хитой равӣ. Гуфтам, ки наметавонам, зеро масруфиятҳо дорам. «Ба ҳар сурат, як маротиба ба Акбаралӣ занг зан», — маслиҳат дод Умари Шерхон.
Баъди чанд лаҳза бо Акбар дар тамос шудам. Овозаш хаста менамуд . Чун посухамро вобаста ба пешниҳодаш додам, бо шеваи ба худаш хос гуфт: «Боке нест, моҳи сентябр боз чунин сафар мешавад, омода бош ва кӯшиш намо ин дафъа ҳатман равӣ!».
Ин лаҳзаҳо ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки чанд соат баъд ин накумард зиндагиро абадӣ тарк мегӯяд. Акбари Сатторро ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ (соли 1998) мешинохтам. Он замон Акбар барои мо – онҳое, ки воқеан ҳам журналист шуданӣ будем, намунаи ибрат маҳсуб меёфт. Аз шумори онҳое буд, ки мегуфт: «Журналистон танҳо дар факултаи журналистикаи ДМТ омода карда шаванд».
Ба андешаи ҳамкасбонам, дар бобати он ки «ӯ журналистикаи тоҷикро дар солҳои нобасомониҳо аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошта, ба он умри дубора бахшид», комилан ҳамфикрам. боварам ба он аст, ки агар Акбаралӣ намебуд, журналистикаи тоҷик то дер дар бунбаст мемонд. Акбаралӣ дар муносибат бо донишҷӯёни таҷрибаомӯз бархӯрди хос дошт.
Баъди дар рӯзномаи «Садои мардум» ба кор шурӯъ намуданам бо ӯ зиёдтар вомехӯрдам. Ин вохӯриҳо баъди раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуданаш бештар шуданд. Дар ин бобат хотираи аҷибе дорам.
Замоне ки дар баъзе рӯзномаҳои мустақил дар бораи матбуоти давлатӣ матолиби муғризона ба нашр расид, таҳти унвони «Журналистика — шаҳри бе дарвоза» матлабе иншо намудам, ки дар он ҳамрадиф бо беасос баровардани «даъво» ва «иддао»-и баъзеҳо дар бобати саҳми матбуоти давлатӣ дар ташаккули афкори ҷомеа аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар такя ба далелҳо чун «бесоҳибтарин иттифоқ» ёдоварӣ шуда буд. Матлабро ба ҳафтаномаи «СССР» пешниҳод намудам ва он нашр гардид. Баъди нашри мақола баъзе «дӯстон» ҳамон бандро бо «иловаҳо»-яшон ба Акбаралӣ расониданд. Гумонам ғолиб шуд, ки бо ман сахт қаҳрӣ мешавад, зеро ҳастанд онҳое, ки танҳо барои ҷузъитарин чиз ин ё он нафарро «чап» мегиранд.
Чанд рӯз пас Акбаралиро дар КТН «Шарқи озод» дидам. Бо табассуми ба худаш зебанда наздаш даъват намуда, дастамро фишурд ва гуфт, ки аз миёни кормандони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ҷуръат намуда, чунин матлаб навиштан қаҳрамонист.
Як қисм сухан ва баъзе ҳазлу мутоибаҳои Акбаралӣ ҳанӯз замони дар ҳаёт буданаш ба сифати аффоризм эътироф шуда буданд. Дар ҷашну маросим ва чорабиниҳои расмӣ он қадар самимона ва озодона сухан мегуфт, ки назирашро ҳанӯз мувоҷеҳ нашудаам. Аснои яке аз суҳбатҳоямон Акбаралӣ, минҷумла зикр намуд, ки зимни сафарҳоямон ба хориҷи кишвар дар фурудгоҳ ҳама Сайёфи Мизробро, ки хеле сермаҳсул асту боҷасорат менависад, шинохтанду маро, бо вуҷуди раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буданам, касе нашинохт. Насиб бошад, аз нав ба навиштан шурӯъ мекунам, зеро журналисте, ки хуб навишта наметавонад, обрӯ надорад.
Боре бо нафаре вориди баҳс шудам. Чун ҳақ будам, он шахс бобатам аз шахсони дигар пурсон мешавад. Вақте фаҳмид, ки журналистам, «таҳдид» намуд, ки «вазнин» шавам, вагарна ба раиси журналистони Тоҷикистон (манзураш Акбаралӣ буд) гап мезанад. Ин ҳодисаро ба Акбар нақл намудам. Иқрор шуд, ки қисмати аъзами одамон ӯро чунин мешиносанд ва муътақиданд, ки ба тамоми журналистон таъсир расонида метавонам.
Мунтазам аз суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бобати он ки «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад», — ёдовар мегардид.
Садоқаташ ба Давлат ва Ҳукумат шоистаи таҳсин буд, ягон вақт андешаашро дигар накард. Мунтазам таъкид менамуд, ки барои инсон муҳим тасмими гирифтааш аст. Агар тасмим тез — тез иваз шавад, пайомадаш ногувор аст. Нуктаи муҳим он аст, ки Акбаралӣ тамоми ибтикороти хешро аслан дар ҷойи холӣ тарҳрезӣ намуда, ҳатман комёб мешуд. Барои мисол, ба таъсиси ҳафтаномаҳо замоне шурӯъ кард, ки ин кор ба гӯшаи хаёли касе намеомад. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон замоне интихоб шуд, ки он воқеан ҳам, бесоҳибтарин иттифоқ буд. Ба андешаи инҷониб, маҳз азми қавӣ ва нияти неки Акбаралӣ қулфкушояш дар ҳама мушкилоту нобаробариҳо буд.
Бароям ифтихор аст, ки дар чанд озмуни ба журналистика рабтдошта ҳамроҳ бо Акбаралӣ дар ҳайати ҳакамон будам. Мушоҳида менамудам, ки шиораш: «Афлотун дӯсти ман, аммо ҳақиқат аз вай болотар» аст. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Хома — 2012» аз рӯи шумораи «смс» — ҳои воридгардида журналисти соҳибном Тиллои Некқадам ғолиб буд. Баъзе аз ҳакамон хостанд нафари «мақбул»-и худро ғолиб эълон намоянд. Он шахс ба Акбаралӣ наздикӣ низ дошт, аниқтараш, дастпарвараш буд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос Акбаралӣ бо ҷасорати ба худ хос аз ҳақиқат пуштибонӣ намуд.
Дар ҷомеаи журналистӣ ашхоси зиёде ҳастанд, ки борҳо намаки Акбаралиро чашидаанд, зеро ӯ миёни ба истилоҳ, медиамагнатҳо саховатмандтарин ва суҳбату саховаташ низ барои ҳама дастрас буд. Бузурге фармуда:
Он чунон зӣ, ки чу аз ҳодиса барбод равӣ,
Ҳусни маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ.
Ёдаш ба хайр ва манзили охираташ обод бод.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»