Баҳодурро аз замоне ки бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, бо роҳхат ба рӯзномаи «Қаротегини шӯравӣ» (ҳоло «Оинаи Рашт») ба ноҳияи Ғарм (Рашт) омад, мешиносам. Фаъолияташро ба ҳайси мухбири шуъбаи хоҷагии қишлоқ шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали ба кор омаданаш аз устодони варзида — муҳаррири рӯзнома Эмом Муҳиддинов, муовини муҳаррир Сабриддин Музаффаров, рӯзноманигорони шинохта Мирзоалӣ Раҳматов, Алишер Шомаҳмадов, Мирзосафар Ризвонов бисёр чизҳоро омӯхт.
Бо омаданаш дар рӯзнома дигаргунии ҷиддӣ ба назар расид. Хабару лавҳа ва очеркҳое, ки ӯ менавишт, аз рӯзноманигорони дигар хеле фарқ дошт. Соле пас Баҳодур мудири шуъба таъин шуд.
Ҳар субҳ аз Тоҷикобод бо дили гарм ба маркази ноҳия — шаҳраки Ғарм меомад. Вале боре нашунида будам, ки вай аз дурии роҳ, аз набудани хонаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия шикоят карда бошад.
Соли 1991 ноҳияи Тоҷикобод аз нав таъсис ёфт. Масъалаи ташкили рӯзнома ба миён омад. Комиссияи тадорукотии таъсиси ноҳия ба хулоса омад, ки муваққатан як саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии «Қаротегини шӯравӣ», ки нашрияи кумитаи ҳизби коммунист ва Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ғарм буд, барои ноҳияи Тоҷикобод ҷудо шавад. Аммо узви комиссияи ташкилӣ, раиси Ҷамоати деҳоти «Лангари Шоҳ» шодравон Абдулло Шарифов пофишорӣ карда гуфт: «бигзор рӯзнома баробари як кафи даст бошад, аммо мустақил ба табъ расад».
- Медонам, ки ноҳияи мо навтаъсис ва дарёфти маблағ барои иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда мушкил аст, аммо ба хотири дуруст ба роҳ мондани кори идеологӣ ва инъикоси ҳаёти мардуми ноҳияи Тоҷикобод таъсиси рӯзнома кори аввалиндараҷа мебошад. Шумо сухани устод Айниро ба хотир биёред, — шӯхиомез гуфт ӯ дар хатми сухан «Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Яъне, қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст».
Абдулло Шарифов гапашро гузаронд ва рӯзномаи ноҳиявии «Паёми Тоҷикобод» таъсис ёфт.
Шумораи якум 15 январи соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба табъ расид ва нахустмуҳаррири он Баҳодур Абдусатторов таъин шуд. Соли 24-ум аст, ки рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» инъикосгари рӯйдоду ҳодисаҳои ноҳия мебошад. Тӯли 24 соли фаъолияти рӯзнома Баҳодур Абдусатторов 20 сол аст, ки дар вазифаи сармуҳаррири рӯзнома кор мекунад.
Солҳои 1992 — 1998 вазъи минтақаи Рашт хуб набуд ва баҳри ба танзим овардани вазъ ва инъикоси ҳақиқати рӯзгори сокинони ноҳия рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» саҳм гузошт. Мисраи машҳури Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ «Мо барои васл кардан омадем» сархат (эпиграф) -и рӯзнома гардид. Мақолаҳои дар саҳифаи рӯзнома батабърасида оид ба мавзӯъҳои истиқлолият, ваҳдат, дӯстӣ, сулҳу оромӣ, таърихи миллати тоҷик, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва ғайра ба мардуми ноҳия вазъиятро воқеъбинона мерасониданд.
Саҳми номбурда дар тарбияи мутахассисон низ арзанда аст. Лолаи Абдусалом, Мустаон Ваҳҳобов, Ҷамшед Нидоев, Ёдгор Абдусатторов, Фазлиддин Муҳадбеков, Шамсулло Неъматов ва боз чандин қаламкаши дигар шогирдонаш мебошанд.
Сокинони ноҳия ба ин ҷавонмарди заҳматкаш эътиқод доранд ва бесабаб нест, ки панҷ даъват ӯро ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия депутат интихоб карданд.
Муаллифи китобҳои «Тоҷикобод дар масири даҳ соли соҳибистиқлолӣ», «Ҳофизи халқ», «Тоҷикобод диёри файзбор», «Сарзамини назаркарда» мебошад. Бо маънои томаш рӯзноманигор аст ва касби худро дӯст медорад.
Д. ТАЛАБЗОДА, «Садои мардум»